Шамол чист?
Дар он минтақаҳои атмосферӣ, ки ҳаво гарм аст, фишори атмосферӣ пасттар мебошад, чунки ҳавои гарм назар ба ҳавои хунук сабуктар аст. Чунин фарқияти фишори атмосферӣ сабаби ба ҳаракат даромадани ҳаво, яъне ба вуҷуд омадани шамол (бод) мегардад.
Шамоли гарм аз минтақаи фишори баланд бо ҳавои хунуктар сӯи минтақаи фишораш паст мевазад.
Дар рӯи Замин каму зиёдшавии шиддати нурҳои Офтоб вобаста ба вақти шабонарӯзӣ боиси дигаргуншавии ҳарорати ҳаво мегардад.
Аз ин рӯ, дар давоми рӯз самти ҳаракати шамоли рӯи Замин дигаргун мешавад. Чунин шамолро насим мегӯянд. Насим вобаста ба мавқеаш рӯизаминӣ, баҳрӣ, наздисоҳилӣ, кӯҳӣ ё даштӣ мешавад. Самти насим рӯзона ва шабона дигар мешавад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




