Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Чаро борон меборад?

Ҳавое, ки мо аз он нафас мекашем, ҳеҷ гоҳ хушк нест, он дорои буғи обест, ки дар натиҷаи бухоршавии оби баҳру дарёҳо ва нафаскашии рустаниву ҳайвонот ба вуҷуд меояд.

Агар ҳаво гарм бошад, буғ ба қабатҳои болоии атмосфера мебарояд ва дар он ҷо ба ҳавои хунук бармехӯрад. Дар ин ҳолат заррачаҳои буғи об якҷоя шуда, абрҳоро ба вуҷуд меоранд. Вақте ҳаво хунуктар шуд, миллионҳо заррачаҳои абр ба ҳам омехта шуда, ба қатраҳои об табдил меёбанд. Ин қатраҳо дар шакли борон ба Замин мерезанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.