Оё атмосфера аз газҳои якхела иборат буд?
Дар марҳалаи якуми сардшавии Замин атмосфера аз ҳидроген ва ҳелий иборат буд. Баъдтар газҳои дар раванди фавворазании пуршиддати вулканҳо ҷудошуда дар атмосфера ҷой гирифтанд. Ин газҳо бухори сулфур, аммиак ва метан буданд.
Аммо нурафкании сахт ин газҳоро вайрон карда, онҳоро ба оксиген ва ҳидроген табдил дод. Дар ин шароит намудҳои нахустини рустанӣ пайдо шуданд, ки тавассути раванди фотосинтез миқдори оксигенро меафзуданд, сипас озон ба вуҷуд омад.
Ҳамин тавр дар муддати миллионҳо сол таркиби ҳозираи атмосфера ташкил ёфта, боиси инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин гардид.
Зарраҳои барф Вақте ки қатраҳои калони оби баҳрҳо аз қабати хунуки атмосфера, ки ҳарораташ аз 0°С паст аст, мегузаранд, қатраҳои хурди об ба кристаллҳои ях табдил мешаванд. Агар мо ба онҳо ба воситаи заррабин (микроскоп) назар кунем, ин кристаллҳои хурди ях дорои шакли аҷоибе мебошанд, ки ба гулҳои калейдоскоп монанданд. Ҳангоми ба Замин афтидан ин кристаллҳо ба буғи об ҳамроҳ шуда, дар шакли зарраҳои барф мерезанд.
Номи абрҳо Вобаста аз шаклу мавқеи ҷойгиршавиашон абрҳо дар тропосфера номҳои гуногун доранд; пармонанд, ғафсу тӯда, қабат-қабат, зич ва ғайра.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




