Оё инсон ба қаъри Замин расида метавонад?
Инсон тавассути мушакҳои кайҳонӣ сайёраҳои дигарро меомӯзад, ҳатто худ ба кайҳон парвоз мекунад, вале ба қаъри Замин то ҳанӯз нарасидааст. Ҳарчанд то имрӯз кӯшишҳои расидан ба умқи дастнораси Замин буданд, аммо аз ҷониби одамон ҳамагӣ чанд сад метри Замин таҳқиқ шудаасту халос.
Ҳарчанд инсон ба қаъри Замин нарасида бошад ҳам, ба воситаи таҳқиқоти мавҷҳои заминҷунбӣ тавонист дар бораи қишрҳои гуногуни Замин маълумот пайдо намояд.
Жюл Верн
Жюл Верн (1828 -1905) нависандаи фаронсавист, ки соли 1864 романи «Саёҳат ба маркази Замин»-ро навиштааст. Дар ин асар як олими олмонӣ ҳамроҳи ҷияни худ ва роҳбалад ба маркази Замин сафар мекунанд. Жюл Верн асарҳои зиёди хаёлӣ таълиф намудааст, ки дорои далелҳои илмӣ буданд. Ин асарҳои хаёлӣ – «Аз Замин то Моҳ», «20 000 лйе дар зери об» ва ғ. дар заминаи кашфиётҳои илмии давраҳои минбаъда қисман ба воқеият табдил шудаанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




