Кадом қабати Замин барои инсон муҳимтар аст?
Бешубҳа, барои инсон қабати болоии Замин – қишри он муҳим мебошад, зеро ҳаёт дар ҳамин қабат инкишоф меёбад. Қишри Замин, ки аз поён то мантия ва аз боло то ба атмосфера мерасад, аз оксиген ғанӣ буда, бевосита аз шуоъҳои Офтоб баҳравар мегардад. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки дар қишри болоии Замин – хок рустаниҳову мавҷудоти дигар арзи вуҷуд кунанд. Ғайр аз ин ҷинсҳое, ки дар қишри Замин вуҷуд доранд, аз қабили оҳан, натрий, калсий ба рустаниҳо ғизо мебахшанд.
Сангҳое, ки дар қишри Замин ҷойгиранд, бо мурури замон реза-реза шуда, ба хоку гил табдил меёбанд. Хоку гил намиро нигоҳ медорад ва қисми ҳосилхези қишри Заминро ташкил мекунад. Барои афзун намудани ҳосилхезии Замин кишоварзон онро ба воситаи техникии мувофиқ шудгор мекунанд.
Гардиш Ҳаракати ситора ва сайёраҳо ҳангоми тобхӯрӣ дар гирди меҳвари худ, яъне гирдогирди худ.
Хок Қабати болои қишри Замин, ки ба шарофати он ҳаёти рустаниҳо ва сипас ҳайвонот ба вуҷуд омадааст.
Даврзанӣ Ҳаракати як ситора дар гирди ситораи дигар.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




