Замин чандсола аст?
Муҳаққиқон тавонистанд, ки бо ёрии усулҳои ниҳоят мураккаб синни Заминро ҳисоб кунанд. Онҳо ҳайвонот ва набототи ниҳоят қадимиро, ки ба санг табдил ёфта буданд, таҳқиқ намуданд. Олимон ҳамчунин стратҳо, яъне қабатҳои Заминро, ки сатҳи Заминро ташкил медиҳанд, мавриди омӯзиш қарор доданд. Пеш аз ҳама, онҳо давраи аз як чиз ба чизи дигар табдил ёфтани онро ҳисоб карданд. Ин усул ба ҳисобкунии афканишоти шиддатноки нур дар моддаҳои гуногун асос ёфта, усули радиоактивӣ номида мешавад.
Бисёр олимон тахмин мекунанд, ки синни Замин қариб 4600 миллион солро ташкил медиҳад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




