Таркиби Замин аз чӣ иборат аст?
Замин аз моддаҳои гуногун иборат аст. Ҳар яки онҳо вазни муайян ва зичии хос дошта, қисмҳои мухталифи Заминро ташкил мекунанд.
Ҷисмҳои аз ҳама вазнин дар маркази Замин ҷойгир шуда, ҳастаи онро ташкил медиҳанд. Ҳаста аз филиззоти гуногун, аз қабили оҳан ва никел иборат мебошад. Қисми берунии ҳастаро моеи гудохта ташкил мекунад, ки ҳарорати он ба 5000°C мерасад. Сатҳи ҳаста дорои қабати ғафс аст, ки мантия ном дорад. Ғафсии он 2900 км буда, аз моддаҳои сахт ва зич иборат аст. Қисми аз ҳама болои Заминро қишр меноманд. Ғафсии қишри замин 35 км буда, нисбатан аз ҷисмҳои сабук иборат аст. Дар таркиби қишри замин кремний, алюминий, калсий, натрий ва калий мавҷуд аст.
Мантия ва қишр литосфера – қисми сангдори Заминро ташкил мекунанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




