Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Чаро Моҳро дар шаклҳои гуногун мушоҳида мекунем?

Ҳарчанд мо Моҳро дар шаклҳои гуногун мебинем, дар асл ин тағйирёбии худи Моҳ набуда, балки тағйирёбии ҳамон сатҳи Моҳ аст, ки ба он шуълаҳои Офтоб меафтанд. Тағйирёбии шакли Моҳро мо авзои Моҳ (фазаи Моҳ) меномем. Моҳ тамоми фазаҳои худро дар давоми 29 рӯзу 12 соату 44 дақиқа тай мекунад, ки онро давр (сикл) меноманд. Дар давоми ин давр чор фаза вуҷуд дорад: 1. Моҳи нав (ҳилол). Ба тарафи Моҳ, ки аз Замин мушоҳида мешавад, шуълаи Офтоб намеафтад. 2. Чоряки афзоянда. Шуълаҳои Офтоб қисми аз Замин дидашавандаи Моҳро, ки бештар меафзояд, рӯшноӣ медиҳанд. 3. Моҳи пурра (бадр). Шуълаҳои Офтоб тамоми қисми дидашавандаи Моҳро равшан мекунанд. 4. Чоряки коҳанда. Шуълаҳои Офтоб қисми аз Замин дидашавандаро мунтазам тарк мекунанд.

Хусуф (гирифтан)-и моҳро бисанҷ Тӯберо болои миз гузошта, чароғро даргирон. Тавре ки мушоҳида кардем, қисми дар муқобили рӯшноӣ мондаи тӯбро соя фаро мегирад. Акнун тӯбчаи теннис ва ё ягон ашёи дигарро бо дастат гирди тӯб бичархон. Ҳангоми чарх задани тӯбчаи теннис сояи тӯб тӯбчаи теннисро аз рӯшноӣ паноҳ мекунад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.