Инсон кай ба Моҳ парвоз кард?
21 июли соли 1969 аввалин маротиба пои инсон ба сатҳи Моҳ расид. Парвози аввалини инсон ба Моҳ аз ҷониби кайҳонавардони амрикоӣ – Нил Армстронг, Эдвин Олдрин ва Майкл Коллинз сурат гирифт. Онҳо дар рӯи Моҳ 22 соат буданд.
Таҳқиқоти сангҳо, ки кайҳонавардон аз Моҳ оварданд, аз он далолат мекунанд, ки ҷисмҳои дар Моҳ буда, нисбат ба ҷисмҳои Замин сабуктаранд ва қувваи кашиши Моҳ аз қувваи ҷозибаи Замин 6 маротиба камтар аст. Бинобар ин тамошобинони телевизион он вақт мушоҳида намуда буданд, ки фосилаи ҳар қадами кайҳонавардон нисбат ба қадамҳояшон дар Замин 6 маротиба дарозтар аст.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




