Плутон – сайёраи хурди яхӣ
Соли 1930 мунаҷҷими ҷавони амрикоӣ Клайд Томбо ҳангоми мушоҳидаҳояш дар расадхонаи Флагстафф сайёраи он замон нуҳуми манзумаи Офтобиро кашф кард. Тибқи асотири юнониёни қадим, Плутон исми худои олами зеризаминӣ мебошад, ки дар он торикии абадӣ ҳукмфармост. Плутон нисбат ба Замин 40 маротиба бештар аз Офтоб дур буда, рӯшноӣ ва гармии онро дар қиёс ба Замин 1600 маротиба камтар мегирад. То солҳои 60-уми асри 20 гумон мерафт, ки Плутон бо Замин баробар аст, аммо тадқиқоти илмӣ нишон доданд, ки Плутон нисбати Замин 170 баробар хурд аст. Соли 2006 Плутон ба қатори сайёраҳои хурд шомил карда шуд.
ТАВСИФОТИ ПЛУТОН Масофаи миёна то Офтоб: 5900 млн км Қутр: 2390 км Даври гардиш дар атрофи Офтоб: 248 соли заминӣ Даври гардиш дар атрофи тири худ: 6 шабонарӯзу 9 соати заминӣ Масофаи наздиктарин то Замин: 4300 млн км Ҳарорати сатҳ: –230 °C Радифони табиӣ: 5
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




