Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Муштарӣ ва Зуҳал

Муштарӣ бузургтарин сайёраи манзумаи Офтобӣ аст, ки андозааш 1300 маротиба аз Замин бузургтар аст. Аммо зичии миёнаи Муштарӣ чаҳор маротиба аз зичии Замин камтар аст. Муштарӣ кураи бузурги газиест, ки таркиби кимиёияш ба Офтоб монанд аст, аммо ҳарорати он хеле паст (–140 °С) мебошад. Дар атмосфераи Муштарӣ гирдбод, тӯфон ва раъду барқ ба амал меоянд. Гирдбодҳо монанди доғҳои сурх, сафед ва қаҳваранги байзашакл ба чашми мо намоён мешаванд. Бузургтарин гирдбоди Муштарӣ «доғи сурхи бузург» ном дорад, ки қутри он ба 40 ҳазор км баробар буда, аз қутри Замин 3 маротиба калон аст.

ТАВСИФОТИ МУШТАРӢ Масофаи миёна то Офтоб: 778 млн км Қутр: 142984 км Даври гардиш дар атрофи Офтоб: 11,9 соли заминӣ Даври гардиш дар атрофи тири худ: 9 соату 50 дақиқа Масофаи наздиктарин то Замин: 590 млн км Ҳарорати сатҳ: –150 °С Радифони табиӣ: 67

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.