Миррих
Миррих чаҳорумин сайёраи манзумаи Офтобӣ ва охирин сайёраи гурӯҳи Замин мебошад. Бо сабаби мавҷуд будани оксиди оҳан дар сатҳи Миррих ин сайёра ранги сурхтоб дорад, аз ин рӯ баъзан онро «сайёраи сурх» меноманд. Дар асри 19 гумон мерафт, ки дар Миррих ҳаёт вуҷуд дорад ва вобаста ба ин афсонаву достонҳои тахайюлӣ ҳам иншо шуда буданд. Олимони муосир низ кӯшиш карданд, ки дар ин сайёра нишонаҳои мавҷудияти ҳаётро пайдо намоянд, аммо то имрӯз ягон далел дар ин масъала ба даст наомадааст.
ТАВСИФОТИ МИРРИХ Масофаи миёна то Офтоб: 228 млн км Қутр: 6794 км Даври гардиш дар атрофи Офтоб: 687 шабонарӯзи заминӣ Даври гардиш дар атрофи тири худ: 24 соату 37 дақиқа Масофаи наздиктарин то Замин: 56 млн км Ҳарорати сатҳ: –110 °C то 0 °C Радифони табиӣ: 2 – Фобос ва Деймос
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




