Замин ва Моҳ
Замин сеюмин сайёраи манзумаи Офтобӣ ва ягона сайёраест, ки дар он ҳаёт вуҷуд дорад. Қабати газие, ки кураи Заминро иҳота намудааст, атмосфера номида мешавад, ки он ҳамчун сипар мавҷудоти зиндаи Заминро аз нурҳои зараровари Офтоб ва афтиши ҳалокатовари шиҳобпораҳо ҳифз мекунад ва як қисми гармии Офтобро дар худ фурӯ бурда, ҳарорати доимиро дар Замин нигоҳ медорад. Аз се ду ҳиссаи сатҳи Заминро оби баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, вақте аз кайҳон Заминро мушоҳида мекунем, ранги он кабуд менамояд. Аз се як ҳиссаи сатҳи Заминро қитъаҳо ва ҷазираҳо ташкил медиҳанд, ки дар онҳо дарёҳо, кӯлҳо, обҳои зеризаминӣ ва пиряхҳо низ мавҷуданд. Қутбҳои Замин бо қабати ғафси ях пӯшида шудаанд.
ТАВСИФОТИ ЗАМИН Масофаи миёна то Офтоб: 150 млн км Қутр: 12756 км Даври гардиш дар атрофи Офтоб: 365,24 шабонарӯз Даври гардиш дар атрофи тири худ: 23 соату 56 дақиқа Радифони табиӣ: 1 – Моҳ
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




