Зуҳра
Зуҳра дуюм сайёраи наздик ба Офтоб, аммо гармтарин сайёраи манзумаи Офтобӣ (ҳарораташ дар самти рӯ ба Офтоб қариб 480°С) аст. Зеро фазои онро қабати ғафси абрҳое иҳота кардаанд, ки рӯшноӣ ва гармии воридшудаи Офтобро дубора баромада намегузоранд. Сатҳи Зуҳра чандин вулкану гудозаҳо дошта, аз абрҳои он боронҳои сӯзандаи кислотагӣ меборад. Зуҳра сайёраест, ки як шабонарӯзи он аз як солаш дарозтар аст. Ҳамчунин, Зуҳра дар атрофи худ ба самти муқобил, яъне баръакси чархиши сайёраҳои дигар давр мезанад. Яъне агар мо дар Зуҳра бошем, мебинем, ки Офтоб дар он ҷо баръакси Замин, яъне аз ғарб тулуъ карда ба шарқ ғуруб мекунад. Зуҳраро пас аз ғуруби Офтоб дар ғарб ва пеш аз тулуъ дар шарқи осмон мушоҳида кардан мумкин аст ва аз ин рӯ онро «ситораи саҳарӣ» низ мегӯянд.
ТАВСИФОТИ ЗУҲРА Масофаи миёна то Офтоб: 108 млн км Қутр: 12102 км Даври гардиш дар атрофи Офтоб: 225 шабонарӯзи заминӣ Даври гардиш дар атрофи тири худ: 243 шабонарӯзи заминӣ
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




