Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Уторид ва Зуҳра

Уторид наздиктарин сайёра ба Офтоб мебошад, ки зоҳиран ба Моҳ шабоҳат дорад. Бо сабаби наздикиаш ба Офтоб рӯзона ҳавои он ниҳоят гарм (то 430 °C), шабона баръакс, хеле хунук (-170 °C) мешавад. Сатҳи ин сайёра монанд ба биёбони серсанги беҳосил буда, пур аз фурӯхамидагиҳоест, ки онҳоро танӯра меноманд. Танӯраҳо дар натиҷаи ба сатҳи Уторид афтидани кометаҳо, астероид ва ё шиҳобпораҳо ба вуҷуд меоянд. Ин сайёра мисли ситораи шаб то 2 соат баъд аз ғуруби Офтоб ва монанди ситораҳои саҳарӣ 2 соат пеш аз тулуъи Офтоб дида мешавад.

ТАВСИФОТИ УТОРИД Масофаи миёна то Офтоб: 58 млн км Қутр: 4880 км Даври гардиш дар атрофи Офтоб: 88 шабонарӯзи заминӣ Даври гардиш дар атрофи тири худ: 58,7 шабонарӯзи заминӣ Радифони табиӣ: надорад

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.