БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Аксари бачаҳо аспро дст медоранд ва ҳангоми мусобиқа – пойгаҳо, ки дар он то сад човандоз ширкат меварзанд, бачаҳо бо шуру шавқ ба дави асп менигаранд ва лаҳзае худро болои зини асп тасаввур мекунанд. Дар “Аспакбозӣ” бачаҳо серҳаракати нишон дода, кӯшиш менамоянд, ки “апс”-и (бачаҳо чӯбро чун асп интихоб мекунанд) ҳар кадоме “тездавтар” бошад. Дар ин бозӣ, баъзан то 4-5 аз ин ҳам бештар бачаҳо ширкат варзида, “асп”-и нафаре ғолиб меояд, ки сердавтар аст.
Яке аз хусусиятҳои дигари “Аспакбозӣ” боз дар он аст, ки дар “омодасозии он” духтарбачаҳо низ иштирок менамоянд ва онҳо баъзан, барои рӯҳбаланд сохтани бародарони худ баробарашон дав мегиранд.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар бозиҳои “Лику дангал”, “Гӯштингирӣ”, “Арғанмчикашӣ”, ва “Чашмбандакон”, ки дар онҳо серҳаракатии бачаҳо ба назар мерасад, барои тарбия ва ташуккули равонии бачаҳо хеле ҳам созгор арзёбӣ мешавад. Дар “Лику дангал” бача аз қафои кӯбак (лик) хеле ҳам метозад, ки онро гаштаю баргашта, ба ҳаво мепартояд. Бачаҳо ҳангоми ин бозии сеоҳаракат сифатҳои серҳаракатӣ, чолокӣ ва ҳушёр аёриро азбар мекунанд. Дар “Гӯштингирӣ” ҳам хурдсолон дар таҳрик буда, дасту бозуҳояшон боқувват гашта, чусту чолоктар мешавад.
Ба мушоҳида мерасад, ки аксар волидайн муқобили гӯштингирии хурдсолони худанд, ки либос медаронанд худро чиркин месозанд. Мо ҳар қадар бачаҳоро аз ин бозӣ манъ ҳам созем, онҳо дар кӯча, ҳавлӣ кори худро мекунанд. Хуб мебуд, ки падарони мӯҳтарам бо масдиҳату тавсияи мураббиён бачаҳои худро аз синни хурдсолҷ ба ихтирёри устодони ин навъ варзиш медоданд. Шояд аз миёни онҳо паҳлавонони номӣ ба камол расанд.
Хулас, бозиҳои серҳараат дар ташаккули ҳамаҷонибаи кӯдакон нақши созгор дошта, мураббиёни моро зарур аст, ки бо имконоти дошта ин бозиҳоро дар ширгхоргоҳҳо амалӣ намоянд.
Бозиҳои риёзӣ аз сода шурӯъ шавад, беҳтар
Дар ширгоҳҳо – кӯдакистонҳо адабиёти ба тарбияи риёзӣ бахшидашуда, ҳоло камтар ба назар мерасад. Ин дар назди мо вазифа мегузорад, ки барои тарбияи риёзӣ эҷодкор бошем ва аз роҳҳои маъмули мавҷуда пурсамар истифода карда тавонем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё