БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Ҳангоми ташкил кардан ва баргузории бозиҳои серҳаракати миллии тоҷикӣ ба мураббӣ ва калонсолон лозим аст, ки хусусиятҳои синнусолӣ ва психикии кӯдаконро ба назар гиранд. Зеро, ҳар як бозӣ аз кӯдак риояи қоида, ҳаракату амал, донишу таҷрибаро талаб мекунад.
Бозӣ яке аз воситаҳои инкифоши фаъолияти маърифатии кӯдак буда, хислатҳои неки инсониро ташккул медиҳад.
Кӯдакон – бачаҳо аз нигоҳи равонҷ бозиҳои серҳаракатро хеле дӯст медоранду меписанданд. Миёни онҳо “камонбозӣ” хеле шӯҳратёру маҳбубияти хосе дорад. Дар ин бозӣ аз 5 то 10 нафар бачаҳо ширкат меварзанд. Мақсади бозӣ мағлуб сохтани “ҳариф” аст. Дар он як ё ду бача ба ҳайси «командир» интихоб шуда, бо чӯбчаҳое, ки нақши “силоҳ”-ро мебозад, мусаллаҳ гардида, дар пайи ҷустуҷӯйи “ҳариф” мешаванд. Бачаҳо кӯшиш менамоянд, ба масофаи аз сад то чорсад метр давида, пинҳон шаванд. Гурӯҳи якум дар ҷойҳои “бехавф” пинҳон шуда, гурӯҳи дуввум онҳоро таъқиб ва “безарар” мегардонанд.
Агар ба ин бозӣ диққат диҳед, он хеле аҷиб аст: аз ду ҷониб кӯшиш мегардад, ки дар “муҳориба” мағлуб нагарданд. Садоҳои баланди бачаҳо “тах-тах”, “ман туро куштам!” агарчанде фораму гӯшхарош аст, вале ҳарфи ин бозӣ тақозо менамояд, ки бачаҳо ин суханро ба забон оранд. Ин бозӣ аз нигоҳи равонӣ барои хурдсолон чӣ аҳамият дорад?
Дар онҳо малаки худмуҳофизаткунӣ аз хурдӣ пайдо шуда, оҳистаоҳиста дар бачаҳо сифатҳои ҷасурию далерӣ шакл мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки дар деҳот барои бачаҳо имкони ба маъраз гузаштани бозӣ “камонбозӣ” фаррохтар аст, аммо дар муҳити шаҳрҳо имконияти бачаҳо вобаста ба ҷойгиршавии биноҳои баланошиёна ва ҳавлиҳои сермошин маҳдудтар аст. Бо вуҷуди чунин мамониятҳои сунъӣ бачаҳо дар ҳавлиҳо ин бозии аҷоибро идома медиҳанд.
Бозии дигаре, ки бачаҳо онро хеле дӯст медоранд, “Аспакбозӣ” аст.
Агар ба умки ин бозӣ дурусттар назар намоем, ҳамон ҳушдори Унсурмаолӣ Кайковус, ки ба “бачаҳо аспсаворӣ омӯзонида шавад” пеши назар меояд. Мутаассифона, ҳоло мо имкони бо асп унс гирифтани бачаҳоро надорем ва ёд додани аспсаворӣ барои ҳар волидайн маҳдудтар аст. Замонҳои пешин барои бача аз бар кардани малакаҳои аспсаворӣ, камонварӣ ва шиноварӣ фарз буд, зеро волидайн дар симои бачаи хурдсол – ҷавонмарди оянда, яъне ҳимоятгари Ватанро медиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё