БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Бо омӯхтани олами ҳайвонот он ҷойҳо кӯдакон тарзи кашидани расм ва сохтани суроби ҳайвоноҳоро иҷро мекунанд.
Бо мақсади ташаккул додани ҳисси зебопарастӣ дар кӯдакон ва аз тарафи худи онҳо муайян намудани мавқеи худ дар ҷомеа, тарбиятгар бояд барои намуна аз маводҳои бадеӣ ва ҳаётӣ истифода барад. Дар ин ҷо ашёи зебо нақши калон дорад, пеш аз ҳама кӯдакон на танҳо онҳоро омӯхта мегиранд, балки инчунин оид ба роҳу усулҳои тайёр намудани онҳо ба атрофиён маълумот дода метавонанд. Онҳо маводҳои созташударо дар бозиҳои худ истифода бурда, фаъолияти эҷодии худро ташаккул медиҳанд.
Бозии кӯдакони синни 6-7-сола хусусияти омехташавии бозиҳои дигар – драматизатсионӣ, дидактикӣ, серҳаракат, бозӣ – дилхушиҳо дар бозиҳои нақшдору мазмуннок дида мешаванд, ки ин ба дараҷаи дониши кӯдакон вобаста аст.
Кӯдакон ва бозиҳои серҳаракат
Нақши бозӣ дар инкишофи ҷисмонӣ, обутоби бадан, тарбияи ҷустучолокӣ, зиракӣ, мушоҳидакорӣ, дарки масофа ва неруи бозувон ба кӯдакон кӯмаки калон мерасонад.
Маълум аст, ки кӯдакон дар ин синну сол басо серҳаракат мешаванд. Дар баробари ин, дар оншо зеҳният инкишоф ёфта, мехоҳанд бозиҳоеро ба маъраз гузоранд, ки аз онҳо на танҳо ҳаловат бардоранд, балки яке дигареро “мағлуб” созад. Миёни кӯдакон бозиҳои шавқовар, аз қабили “Аспакбозӣ”, “Рустшавакон”, “Лику дангал”, “Чашмбандакон”, “Арғамчинкашӣ”, “Гӯштингирӣ”, ва ғайра маълум машҳур мебошад ва ин бозиҳо аз рӯи хусусияташон “серҳарак” ном бурда мешаванд.дар ин бозиҳо на танҳо бачаҳо, баъзан, духтарбачаҳо низ ширкат меварзанд. Муҳаққиқону коршиносони соҳа бозиҳои бачагонаро хеле қадим медонанд.
Яке аз хусусияти умдан ин бозиҳо дар он аст, ки бачаҳо тавассути серҳаракатӣ аз нигоҳи ҷисмонӣ зуд инкишоф ва обутоб меёбанд.
Муаллими ахлоқ Унсурмаолии Кайковус мефармояд, ки падару модар муваззафанд дар синни хурдсолӣ ба тарбияи фарзандони худ аз ҳар нигоҳ аҳамият бидиҳанд; дар баробари таъмини маишати рӯзгор, инчунин онҳоро ба ҳар гуна бозиҳои муфид ҷалбу ҷазб карда, ба эшон камонварзӣ, шиноварӣ ва аспсавориро омӯзонанд, ки дар оянда ба онҳо чун сипари боътимод хоҳад буд. Албатта, аксари волидайн ин ҳикмати пурқимматро хуб медонанд ва барои кӯдакон шароити хуби фароғатӣ муҳайё сохта ва то ҷое кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки синну соли кӯдакии ҷигарбандонашон барабасу ройгон сипарӣ нагардад.
Камонкашӣ низ ба бозиҳои серҳаракат мансуб буда, таърихи қадима доранд. Таърихи пайдоиш ва инкишофи бозиҳои серҳаракати миллии тоҷикӣ аз тарафи муҳаққиқон – олимон мавриди омӯзиш қарор ёфта, онҳо аҳамияти давидан, ҷаҳидан, ҳаво додан, нишонзанӣ, аспдавонӣ, камокашӣ, чавгонбозӣ ва ғайраро дар инкишофи ҷисмонӣ ва психикии кӯдакон нишон дода, аҳамияти истифодаи онҳоро аз ҷиҳати илмӣ асоснок менамояд. Бозӣ яке аз фаъолиятҳои асосҷ ва пешбарандаи кӯдакони синни томактабӣ ва хурди мактабӣ буда, дар инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии бачагони хурдсол аҳамияти хоса дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё