Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Нақш офаридан дар дар бозӣ дар кӯдакон тарзу усули бо бозича, ашё, ҳамсолон муносибат карданро инкишоф медиҳад. Ба ғайр аз ин, дар бозӣ кӯдакон ҳаёти иҷтимоӣ, расму анъанаҳои миллии мардумиро инъикос менамоянд ва ба ин восита дар онҳо ҳисси худшиносии миллӣ ташаккул меёбад.
Мавзӯи бозиҳои кӯдакона пешакӣ ба нақша гирифта намешавад, онҳо бо ҳам маслиҳат мекунанд, ки нақшҳоро тақсим мекунанд ва таҷҳизоти лозимаро интихоб мекунанд. Дар фаъолияти бозӣ муоширати байни кӯдакон хотир ва диққати ихтиёрӣ низ такмил ёфта, талаботи заруриро ба иҷро мерасонад: ташаббускорӣ, қобилияти идоракунӣ ки инҳо дар кӯдакон сифатҳои нав хушмуолилагӣ, ҳисси ҷавобгарӣ, мустақилиятнокиро ба вуҷуд меоранд. Инчунин, ба шахсияти онҳо таъсир мерасонад.
Ин намуди бозиҳо дар гурӯҳҳои миёна, калон ва синни омодагӣ ба мактаб гузаронида мешаванд. Дар синни 4-5 солагҷ ба кӯдакон иҷро намудани нақшҳои мураккабро пешниҳод намудан мумкин аст. Яке аз вазифаҳои асосии мураббӣ дар гурӯҳи миёна ҳангоми бозиҳои нақшдору мазмуннок ин давом додани корҳои як сол пеш оғознашуда мебошад: диққати кӯдаконро ба дигар кӯдакон равона намудан, бо онҳо бештар ба муоширати дохил шудан, истифодаи бозигаро дар бозӣ то як андоза кам кардан. Нутқи инкишофёфтаи кӯдак имконият медиҳад, ки онҳо нақши худро боз ҳам васеъ намоянд. Мазмуни бозии онҳо аз таҷрибаи ҳаёт, китоб, аз диафилму кинофилҳо, ҳикояҳо, аз тасаввуротҳои мусиқавӣ ва санъати тасвирӣ аз экскурсияҳо ва ғайра сарчашма мегирад.
Бозиҳои кӯдакони гурӯҳи омодагӣ ба мактаб бояд тамоми ҳодисаҳои шаёти гузашта ва ҳозираро, ки аз он фантазия, тахаюлот ва дарки зебопарастӣ холӣ нест, фаро гирад. Масалан, мураббӣ касбҳои гуногунро номбар намуда, аз кӯдакон хоҳиш мекунад, ки доир ба онҳо нақл тартиб диҳанд. Барои ҷалб намудани кӯдакони 6-7 сола ба бозиҳои нақшдору мазмуннок, пеш аз ҳама бояд ба он тайёри хуб дид.
Зеро дар ин намуди бозиҳо навгониҳое ҷой дорад, ки онҳоро бояд аз намуд, ки ин ҳам барои боло рафтани дарксозии кӯдакон аҳамияти калон дорад.

пешина
аз 108
навбатӣ