Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Масалан, писарон дар бозии ҷанговар – шикорчӣ худро ба вазифаи падар – ҳимоягар будан тайёр мекунад, лӯхтакбозӣ – духтарчаро дар оянда ба модар шудан омода мекунанд.
Бозиҳои эҷодӣ ифодагари фикру андеша, ташаббускорӣ, мустақилнокии кӯдакон буда, мавзӯъ ва мазмуни онро доранд.
Таасуротҳои кӯдакон доир бо ашё, олами атроф, муносибатҳои иҷтимоии одамон дар бозиҳои эҷодӣ инъикос мегардонанд. Махсусан, дар давраи калон томактабӣ дар асоси тахайюлоти кӯдакон бозиҳои эҷодӣ ғанӣ ва рангин мегарданд.
Дар рафти бозӣ кӯдакон кӯшиш менамоянд бо истифодаи бозичаҳо, ашёи гирду атроф, имою ишора, ҳаракатҳои гуногун, нутқронӣ, симои одамони атроф, қаҳрамонони асарҳои бадеӣ, филмҳои тасвирӣ, ҳайвону паррандаҳоро ба воситаи нақшҳо инъикос намоянд.
Бозиҳои нақшофарию мазмуннок, яке аз воситаҳои инкишофи маҳорату малакаҳои меҳнатӣ ба шумор меравд, ки дар рафти он кӯдакон натанҳо иҷрои амалҳои меҳнатиро (ороиши хона, рӯбӯчини гирду атроф, пухтани хӯрок, шустани табақу коса, сару либоси лӯхтак, аз бозор харида овардани маводҳои рӯзгор ва хӯрока, меҳмон қабулкунӣ) азхуд мекунанд, инчунин, маҳорату малакаҳои меҳнатиашон барои оянда ташаккул меёбад.
Айёми кӯдакиро бе бозиҳои нақшофарию мазмуннок тасаввур кардан мумкин нест, чунки кӯдак нишонаҳои рушду нумӯи худро дар ин бозиҳо инъикос намуда, таассурот ва тахаюлоти худро ғанӣ мегардонад, баҳо додан ба олами ашёву асрори муносибатҳои байни ҳамдигарии одамонро меомӯзад.
Қисми асосии бозиҳои нақшофарию мазмуннокро вобаста ба мавзӯъ, мазмун ташкил медиҳад. Сюжет чунин қисми таркибии бозӣ аст, ки бе он амалҳои бозикунӣ ба вуҷуд омада наметавонад. Сюжет ҳақиқатест, ки онро кӯдакон барқарор ва амалӣ мегарданд. Сюжет дар худ амалҳо, ҳодисаю воқеаҳо, муносибатҳои байниҳамдигарии одамон аз зиндагӣ, маишат ва фаъолияти онҳоро ифода менамояд ва кӯдак онҳоро дар бозӣ тасвир менамояд. Аз ин рӯ, амалҳо ҳангоми бозикунӣ (тоб додани чархи мошин, тайёр кардани хӯрок, дарс гузаштан) воситаи амалӣ гардонидани сюжет аст.

пешина
аз 108
навбатӣ