БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Тарбияи риёзӣ, дарси риёзӣ эҷодкор бошем ва аз роҳҳои маъмули мавҷуда пурсамар истифода карда тавонем.
Тарбияи риёзӣ, дарси риёзӣ ё бозиҳои риёзӣ дар гурӯҳҳои аз синни чор то шашсола хеле бо мақсад мувофиқ аст, зеро майнаи бачаҳо дар ин синну сол рӯ ба инкишофу ташаккул буда, ҳамаи он чи ки онҳо мебинанду мешунаванд, тез пазируфта, дар хотирашон нақш мебандад.
Албатта, маводи омӯзишӣ дар тарбияи риёзии кӯдакон нақши муҳим дорад. Ҳоло мураббиҳои мо олами бозичаҳоро дар ихтиёр доранд.
Ҳангоми нигоҳ доштани бачаҳо мураббиҳо дар наздашон ромбҳо, чӯбчаҳои ранга, мошинчаҳо, танкчаю тайёрача, лӯхтаку бозичаҳоро мегузоранд. Дар нахуст худи бачаҳо бозиҳои риёзиро ба намоиш мегузоранд.
Масалан, вақте мураббӣ бозичаҳоро ба бачаҳо тақсим карда медиҳад, баъзеи онҳо хурсанд мешаванд ва мехоҳанд, ки бозичаҳои зиёдро дар ихтиёр дошта бошанд, ҳатто шикоят ҳам мекунанд, ки фалонӣ чаро се мошинча гирифтаасту ман якто, ё худ кӯдаке шикоят мекунад, ки ба вай ягон бозича нарасидааст. Агар мантиқан фикр кунем, чунин тақсимот як мисоли содаи риёзӣ аст. Рақами 3 ба 5 ҷамъ кунем, рақами 8 ҳосил мешавад.
Маълум,ки аз бозичаҳои тақсимкардаи мураббӣ 8 донаи он ба ду нафар расидааст. Бачае, ки дар тақсимоти бозича бенасиб мондааст, ҳисаи вайро ба 0 (сифр) нишон медиҳем. Мураббиҳо метавонанд, дар машғулиятҳои риёзӣ, бахусус, дар омӯзонидани ададҳои воҳид, даҳӣ ва садӣ аз чунин мисолҳо пурсамар истифода баранд.
Дар гурӯҳи калонсолон мутобиқи барнома нақшаи сайру тамошо ва гардишгарҷ аз аввали сол бо маслиҳату машварати мушовир ва сармураббӣ тартиб дода мешавад.
Ҳар мураббие, ки бачаҳоро дар сайругашт роҳбаладӣ мекунад, бояд машғулияти риёзиро ҳамеша пеши рӯ дошта бошад. Вай метавонад чунин суолҳоро пешакӣ матраҳ карда, ба бачаҳо гӯшрас намояд:
- Шумо дар боғча чанд дона шабпалакро дидед?
- Дар дарахт чанд дона гунҷишк ва мусичаро мебинед?
- Дар буттаи садбарг чанд дона гули шукуфта ва чанд дона ғунчаро мебинед?
Баъди бозгашт бачаҳо омодаанд, ки мушоҳидаҳои худро ба мураббӣ пешниҳод намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё