Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

3 Тадқиқи мероси устод Айнӣ аз ҷониби М. Шакурӣ дар доираи ошкор кардани хусусиятҳои ғоявию бадеии осори ин нависанда маҳдуд намемонад. Балки дар ин замина чашмандози муҳаққиқ то рафт васеъ шуда, паҳлуҳои гуногуни сабку услуби Айнӣ ва нависандагони дигар, инчунин ҷараёнҳои гуногуни услубиро дар насри муосири тоҷик, муаммоҳои анъана ва навоварӣ, диди эстетикӣ ва тафаккури бадеии халқро фаро мегирад. Ба ин маънӣ рисолаи «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» (1973) дар китоби илми адабиётшиносӣ ва танқиди адабии тоҷик як боби тамоман навро кушод. Аз ҳамин асар равшан зоҳир гардид, ки услуби адабиётшиносии М.Шакурӣ дар баррасии ҳар масъалаи адабиёти имрӯза аз дидгоҳи муаррих, мунаққид ва назарияпардоз адабиёт сурат мегирад. Дар ин асар бори аввал дар адабиётшиносӣ ва танқиди адабии тоҷик масъалаҳои ҷараёнҳои услубӣ ва услуби фардии нависандагони ҷудогона (на услубиёти лингвистӣ, балки масъалаҳои тарзи тасвир), таносуби анъанаҳои ҳамосии адабиёти классикиву эҷодиёти шифоҳии халқ бо эпоси реалистии тоҷик, омезиши унсурҳои романтикии мероси гузаштагон бо тарзи реалистии тасвир, ташаккул, гуногунӣ ва умумияти ҷараёнҳои услубӣ, диди эстетикии халқ ва инъикоси махсусиятҳои он дар осори бадеӣ мавриди таҳлилу мулоҳизаҳои ҷиддии илмӣ қарор гирифтанд. Гузориш ва оғози тадқиқи масъалаҳои мазкур дар адабиётшиносӣ ва танқиди адабии мо аз ҳамин китоби М. Шакурӣ сар шуда буд. Маҳз дар ҳамин асар ӯ аввалин бор оид ба ҷараёни романтикии услуб ва ҷараёни реализми сирф дар насри муосири тоҷик гуфтугӯ оғоз карда, махсусият ва умумиятҳои ин ҷараёнҳои услубӣ, роҳҳо ва тарзҳои муносибати онҳоро ба анъанаҳои бадеӣ ва диди эстетикии халқ ошкор намуд. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки услуби Айнӣ ва Икромӣ бо вуҷуди ба ҷараёни романтикии услуб тааллуқ доштан дар истифода аз анъанаҳои мероси гузаштагон, эҷодиёти бадеии халқ ва таҷрибаи адабиётҳои дигар аз ҳамдигар тафовути ҷиддӣ дорад.

пешина
аз 202
навбатӣ