Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ва, баръакс, услуби Улуғзода, Толис, Муҳаммадиев ба ҷараёни реализми сирф мансуб бошад ҳам, бо услуби Айниву Икромӣ умумиятҳои бисёре дорад. Маҳак ва меъёри муҳимми эҷоди бадеӣ қарор додани муносибатҳои нависандагони муосир нисбат ба анъанаҳои миллӣ М. Шакуриро ба чунин хулоса овард: «Санъате, ки аз заминаи миллӣ канда шудааст, моҳияти аслии худро аз даст медиҳад». Вале, таъкид мекунад муҳаққиқ, анъанаҳои миллӣ, шаклу воситаҳои анъанавии тасвир дар сурате метавонанд дар иҷрои вазифаҳои замони ҳозира хизмат кунанд, агар онҳо «ба диди нави эстетикӣ комилан мутобиқ» шуда бошанд. Дар айни замон М.Шакурӣ ба нақши таъсирбардорӣ ва дороиафзоии мутақобилаи адабиётҳо дар ҷараёни адабии муосир аҳаммияти бештар дода, таъкид мекунад, ки «унсурҳои соф миллӣ ва унсурҳое, ки аз дигар халқ омадаанд, дар адабиёт байни худ амали мутақобили диалектикӣ дошта, ба шаклу мазмуни якдигар таъсир мерасонанд. Ин амали мутақобил боиси ғанӣ шудани адабиёт ва яке бар чанд афзудани қувваи он мегардад».
Адабиёти шӯравии тоҷикро ҳамчун маҳсули шароити нави иҷтимоиву таърихӣ ва дар айни замон давоми бевоситаи адабиёти ҳазорсолаи тоҷик баррасӣ намудан, ба падида ва фактҳои адабиёт, ба ҷараёни адабии муосир таърихан назар афкандан, кӯшиши решаву ҷиҳатҳои миллӣ ва хусусиятҳои байналмилалии адабиёти муосири тоҷикро падид овардан – пайванди ин ҳама сифатҳои муаррих, мунаққид ва назариётчии адабиёт дар симои Муҳаммадҷон Шакурӣ хусусан аз китоби ӯ «Паҳлуҳои тадқиқи бадеӣ» (1976) ба таври возеҳ падид омад.
Дар ин асар муҳаққиқ методи асосии адабиёти шӯравии тоҷик – реализмро чун «шакли асосии аз худ кардани эстетикии воқеият» ҳодисаи нав шуморад ҳам, таъкид мекунад, ки реализм ба адабиёти тоҷик бегона набуд ва нест, зеро «муҳимтарин хусусиятҳои мероси адабии халқ ба ин реализм ба шаклҳои гуногуне акс андохтааст». Рӯҳи романтикӣ, оҳанги лирикӣ ва обуранги дидактикиро, ки дар реализми Айнӣ, Икромӣ, Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Ф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё