Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

М. Шакурӣ дар ин асар бо як биниши борику нозук, ки хоси назари тадқиқии ӯст, тасаввур ва вусъати назари Айниро ба таърихи халқ аз «Одина» то «Ёддоштҳо» мавриди мушоҳида қарор дода, тааммуқи назари бадеиву эстетикӣ ва сайқали маҳорати нигорандагии устодро падид овард. Аз ҷумла ӯ аввалин бор дар таърихи айнишиносӣ исбот кард, ки «халқ дар «Одина», «Дохунда» ва «Ғуломон» пеш аз ҳама аз ду ҷиҳат – аз ҷиҳати ҷавру зулм дидани ӯ ва тадриҷан ба роҳи мубориза дохил шудану озодӣ ба даст оварданаш тасвир шуда буд… Вале дар «Ёддоштҳо» мазмуни образи халқ ҷиҳатҳои дигарро ҳам дар бар гирифтааст ва акнун аз симои маънавии халқ баъзе хислатҳое ҳам диққати нависандаро ба худ кашидааст, ки дар асарҳои пешинаи ӯ дида намешуд, ё кам ба назар мерасид».
Назари диққат дӯхтани Айнӣ на танҳо ба ҷиҳатҳои тираву тор ва манфии ҳаёти гузашта, балки ба сифатҳои неку бунёдкории халқ дар «Ёддоштҳо» ба қувваи тамом зуҳур намуда, принсипи асосии тадқиқи бадеӣ қарор гирифт.
Таҳлили ин равияи эҷодии Айнӣ муҳаққиқро ба чунин хулосаи муҳим овард, ки «симои халқ, роли ҷамъиятии ӯ, роли вай ба сифати бунёдкунандаи таърих ва қувваи асосии он дар «Ёддоштҳо» нисбат ба дигар асарҳои Айнӣ пурратар ва мукаммалтар ба зуҳур омадааст».
Ба ин минвол М.Шакурӣ мақоми «Ёддоштҳо»-ро дар эҷодиёти устод Айнӣ ва умуман дар таърихи адабиёти тоҷик муайян карда, навиштааст: «Дар адабиёти тоҷик якумин бор буд, ки симои халқ ба ин мукаммалӣ ва ҳарҷониба намоён мешуд». Дар рисолаи мазкур тарзи тасвири ҳаёти маънавии халқ, одамони пурзӯру қавибозу, ки қудрати халқро дар худ таҷассум намудаанд, мунавварфикрон, ки хиради халқ дар симои онҳо акс андохтааст, оммаи заҳматкаш ва шахсони алоҳида дар «Ёддоштҳо» қиёсан бо тарзи тасвири ин мавзӯъҳо дар осори моқабли устод Айнӣ тадқиқ гардидааст. Дар натиҷа ба М. Шакурӣ муяссар шудааст муайян кунад, ки «дар сабки Айнӣ кӯшише дар роҳи ҳар чӣ васеътару амиқтар фаро гирифтани воқеият ва таҳқиқи иҷтимоиву фалсафӣ бо тасвирҳои ҳаяҷономезу рангин ва пуртаъсир, бо унсурҳои романтизми классикии форсу тоҷик ба ҳам омадааст».

пешина
аз 202
навбатӣ