Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

РАНҶБУРДАШ РАҲ БА ГАНҶ БУРД

1 Баъди даргузашти муаллимам академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ (М. Шукуров), ки 16-уми сентябри с.
2012 рух дод, дар матбуот ва расонаҳои электронии ҷумҳурӣ хабар, таъзия, таслият, хотира ва ёддоштҳои бисёр нашр шуданд. Дар ҳар кадоме аз онҳо ба як ё чанд гӯшаи чеҳраи инсонӣ, илмиву адабӣ ва маърифативу фарҳангии устод равшанӣ андохта шудааст ва ҳамаи онҳо аз ихлосу эҳтироми сидқии муаллифон ба шахсияти муаллим М. Шакурӣ саршоранд. Аз байни ҳамаи онҳо мехоҳам хабари сомонаи «Asia-Plus»-ро аз 21.09.2012 иқтибос кунам, ки шояд руҳия ва мундариҷаи аксари интишороти ба даргузашти муаллим марбутаро ба таври умумӣ инъикос намояд:

«М. ШАКУРӢ – «ОХИРИН АЗ МОГИКАНҲО»
Дар ин ҳафта академик Муҳаммадҷон Шакурӣ орому номаҳсус зиндагиро падруд гуфт. Маросими видоъ бо Устод на дар толори барҳавои Академияи илмҳо ё Иттифоқи нависандагон, балки дар ҳавлии хоксоронаи биное баргузор шуд, ки ӯ солҳои охир дар он ҷо мезист. Хабари фавти академик аз телевизиони давлатӣ садо надод, аз ҳукумат низ таслияти расмие набуд… Аслан чунин эҳтиромот ба худи Шакурӣ дигар лозим ҳам нест. Ин барои худи мо муҳим буд, то фарзандони мо дуруст муайян кардани арзишҳоро дар ин рӯзгор биомӯзанд, то бифаҳманд, ки дар ҳаёт чизҳои асоситарин на «Лексус»-и шишасиёҳи модели охирин ва на хонаи сеошёна, балки чунин мафҳумҳое ҳастанд, мисли шараф, виҷдон, дониш, равшанфикрӣ. Мо ин корро накардем ва ин буду шуди мову ҷомеаи моро намудор кард. Академик Шакурӣ яке аз охирин намояндагони зиёиёни куҳнаи тоҷик буд, ки мо замоне онҳоро виҷдони миллат меномидем. Бо даргузашти чунин ашхос

1
Қисми умдаи ин мақола соли 1986 ба муносибати ҷашни 60-солагии
М. Шакурӣ навишта, ҳамон сол дар №11 «Садои Шарқ» чоп шуда буд.

пешина
аз 202
навбатӣ