Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
давроне паси сар мешавад. Мо барои зист дар даврони дигар мемонем.
Алвидоъ, Устод!»
Воқеан барои М. Шакурӣ аз ин қабил эҳтиромот на ин ки дигар лозим ҳам нест, балки дар охирҳои умр марҳум ба чунин муносибати мақомоти расмӣ ва баъзе, ба истилоҳ, зиёиёне, ки ба он мақомот қаробат доранд, одат карда буд. Аз камбиниҳо ва нописандиҳои эшон парвое ҳам надошт, фақат баъзан гилаҳои гоҳ дардолуду гоҳи дигар тамасхуромез мекард. Масалан, чанд бор баъзе аз журналистони телевизион хоҳиш карданд, ки як барнома ва суҳбат ташкил кунанд, розӣ нашуд, далелаш ин буд, ки мегуфт: «Марову худатонро беҳуда азоб надиҳед, нишон намедиҳанд, маро аз наворҳои маҷлису маҳфилҳо қайчӣ мекунанду шумо мехоҳед барнома таҳия намоед…» Сабаби чунин муносибатро намефаҳмиду намедонист. Биноан парво ҳам намекард.
Пайваста банду машғули корҳои илмиву фарҳангиву маърифатӣ буд. Ва ба шарофати ҳамин машғулияту заҳмати пайваста, бо мусоидати донишу таҷрибаи андухтааш барои мардуми тоҷик, барои илму фарҳанги миллии мо ганҷинаи бебаҳоеро фароҳам сохт, ки шарҳу тафсири илмиву фалсафии муҳимтарин воқеаву падидаҳои иҷтимоиву фарҳангии рӯзгори тоҷикони Мовароуннаҳрро дар ду садсолаи охир дар худ гунҷоиш додааст. Ин ганҷина аз китобу рисолаҳои дар 20 соли истиқлол таълифкардаи М. Шакурӣ фароҳам омадааст. Китобҳои «Хуросон аст ин ҷо», «Забони мо ҳастии мост», «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоию маънавӣ», «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ», «Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон», «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» ва дигар асару мақолаҳои устод аз ҳамин ҷумлаанд.
Оре, дар осори ду-се даҳсолаи охири умр назари муаллим М. Шакурӣ аз доираи мавзӯъҳои адабиёт фаротар рафта, бештар ба таҳқиқи масъалаҳои марбут ба ҳастии таърихии миллати тоҷик, ташаккул ва таҳаввулу татаввури забони тоҷикӣ, мураккаботи фарҳангсоз ва омилҳои пойдории фарҳанги миллат, маънавиёт ва мақоми он дар таъйини чеҳраи фарҳангии миллат дӯхта шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё