Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ аз рӯи одат муддате сукут кард, сукути пурмаъно. Сипас ба гуфтор омад. Ба забони фасеҳи адабии русӣ, гӯё дар синфхонаи донишҷӯён қарор дошта бошад, дар бораи шеър, махсусиятҳои шеъри ғиноӣ, рӯҳи граждании сухани шоир, мушаххасоти эҷоди ашъори эпикӣ чунон бо тамкину эътимод сухан мегуфт, ки ҳама гӯшу ҳуш шуда буданд. Ҳисси ҳаяҷоне, ки қаблан вуҷуди маро фаро гирифта буд, андак-андак ба ҳиссиёти ифтихору ғурур аз ҳастии шоирона, аз дониши амиқу фарох, аз тарзи гуфтор ва вуҷуди солори устод мубаддал мешуд, ба худ меболидам, қабат-қабат гӯшт мегирифтам, дар косаҳои чашмонам ашки шодӣ ҳалқа мезад, худ ба худ мегуфтам: «Зиҳӣ, устод! Офарин, устод!».
Пас аз анҷоми суханронии устод сармуҳаррири маҷаллаи «Дружба народов» аз ҷой бархост ва андаке сукут карду ҳаяҷономез гуфт: «Оре, намедонам, ки сухани гуфтание монд ё на. Мӯъмин Қаноат ба сифати муаллим ба мо дарси воқеӣ дод. Ӯро гӯш мекардаму аз ёдам суҳбати мӯйсафеди шаробпази гурҷӣ мегузашт. Мӯйсафед тарзи пухтани шаробро аз чидани ангур то омодаву нӯшиданӣ шудани май ҷузъ ба ҷузъ, лаҳза ба лаҳза ҳикоят карда буд. Мӯъмин Қаноат мисли ҳамон мӯйсафед ба мо аз ҳолат, усул, муҳтаво, техника ва ҳадафи шеър сабақе дод, ки дигар ҷову имконе бар он афзудан ҳам намонд».
Дигар касе аз ҳозирин сухани муфассал нагуфт, мазмуни луқмаву нидоҳои онон аз доираи аҳсану офарин гуфтан ба устод фаротар нарафт…
Ин ҷо ман танҳо аз ду лазае ёдовар шудам, ки шояд онҳо барои шинохти шахсияти адабӣ, арзишу эътибори суханварӣ ва мақому манзилати миллии устоди азизамон Мӯъмин Қаноат равшание андозанд…
Шеъру достонҳои устод, агарчи дар бораи онҳо мақолаву рисолаҳо таълиф шудаанд, моломол аз розҳое ҳастанд, ки кушуданашон вазифаи аҳли адабу илм аст. Дар айёми ҷашни 80-солагии ин суханвари мумтоз дил мехоҳад пайваста нидо бикунад, ки: Зиҳӣ, устод; офарин, устод!
соли 2012

пешина
аз 202
навбатӣ