Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Аминем, ки ин роҳ дароз хоҳад буд ва давоми нек хоҳад дошт.
Ҳам шеъру достонҳои устод Мӯъмин Қаноат, ҳам навиштаҳоро дар бораи шеъри ӯ бисёр хондаам. Бо вуҷуди ин ҳар дафъа, ки китоби ашъори ӯро варақ мегардонаму шеърҳоеро, ки борҳо хондаам, аз нав мутолиа мекунам, паҳлуҳову қишрҳои тозаи сухан, ҷилову тобишҳои нави маҳорати суханварии ин шоири мумтозро барои худ кашф менамоям. Ба таъбиру тасвирҳое рӯбарӯ мешавам, ки қаблан аз онҳо сатҳӣ убур кардаам, маъниву ҳикматҳоеро дармеёбам, ки борҳо гӯё дидааму шунидаам, вале сари онҳо тааммуқ накардаам, сарсарӣ гузаштаам, онҳоро, ба истилоҳ, нашинохтаам.
Борҳо гуфтаему навиштаем, ки Эраҷ Мирзо ба манзалату мартабаи модар басо арҷ гузоштааст, устод Мирзо Турсунзода бо ёди модар дар ба дари деҳа гашта, симои ӯро тасаввур ва тасвир кардааст, устод Лоиқ чеҳраву сиришти модари тоҷики кӯҳистониро бо орзуву ормонҳояш, бо муҳити зисту ҷаҳони маънавияш офаридааст. Вале надидаему нагуфтаем, ки модари устод Қаноат
Бо табассум, бе такаллум, бе шитоб
Мебаромад ҳар саҳар чун офтоб.
Ва ҳангоме ки ин офтоб ба ғуруби абадӣ рафт, фарзанд ӯро «бо ду чашми чор» ҷусту оқибат тимсоли ӯро дарёфт.
Аз баландӣ бе табассум, бе шитоб
Мебаромад ин пагоҳӣ офтоб.
Гарчи ҳамчун меҳри ман пурнур буд,
Аз бари ман, аз сари ман дур буд.
Мӯъмин Қаноат шоирест, ки ба воқеаву ҳодисаҳои рӯзгор бо диди пурвусъати эпикиву фарогир менигарад, манзару панорамаи рӯйдодҳоро бо хусусиёти умда ва моҳияти аслии онҳо мебинаду тасвир мекунад. Ӯ аз пургӯӣ ва тафсилоти мавзӯъ парҳез дорад, ишораҳои гӯёву нишонрасеро меписандад, ки ҳадафгӯ бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё