Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Дар чанд мисраъи оғози «Суруди охирин», масалан, чанд китобу чандин достон маънӣ аз сарнавишти таърихии ватанамон ва хислатҳои умдаи миллат бо ишораҳои мӯҷазу кӯтоҳ, бо ниҳояти ифтихор аз як сӯ ва ниёишу лобаи самимона, аз ҷониби дигар, ифода ёфтааст:
Ба тундӣ хашми дарёям,
Ба тамкин сабри саҳроям,
Ба нармӣ чун дили ошиқ,
Ба сахтӣ санги хороям,
Ба савдо рафта дунё чун
Самарқанду Бухороям,
Макун дигар ту савдоям…
Савтиёту оҳанг, сифатчинӣ, мушобеҳот ва таносуби садоҳову маъниҳо намегузоранд, ки хонандаи соҳибзавқ ва маънифаҳм аз ин мисраъҳо сарсарӣ бигзарад.
Мӯъмин Қаноат шоири хеле ҳассос аст, парвози тахайюлоти ӯ кайҳонист, вале дар айни замон ҳангоми тасвиркорӣ таъбироту таркиботе, ки шоир барои ифодаи ҳадаф ва ҷилвагар намудани манзара истифода мебарад, он манзараро на танҳо тасаввурпазир, балки диданиву воқеӣ пеши назар меорад. Нақлу ҳикоят дар ашъори ғиноии Мӯъмин Қаноат мавқеи назаррас надорад, балки мадхали мӯҷазест, ки хонандаро ба дарку тасаввури манзара ҳидоят менамояд:
Он ҷо, ки тани шаҳиди шоир
Хуншор ба рӯи хок ғалтид,
Оғуштаи хуну ранги дар ранг
Як хирмани гул зи хок сабзид.
Ин пора аз шеъри «Кӯҳи маъшуқ» иқтибос шуд, ки ба хотираи шоири шаҳир ва шаҳиди рус Михаил Лермонтов дар қатлгоҳи ӯ гуфта шудааст. Ва пас аз ин мадхали мӯҷаз пеши назари мо манзараи фаҷеъе падид меояд, ки тавассути ташбеҳоту ташхисоти гӯёву пурҷилои аҷзои табиат офарида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё