Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Достонҳои Мӯъмин Қаноат дар таърихи адабиёти муосири тоҷик мақоми хоса доранд. Беҳтарин намунаҳои достони реалистии эпикӣ («Падар»), таърихиву фалсафӣ («Гаҳвораи Сино»), публитсистӣ («Тоҷикистон – исми ман»), лирикиву ҳамосӣ («Суруши Сталинград» ва «Мавҷҳои Днепр») дар назми муосири мо ба қалами ӯ мансубанд.
Нақши шеъри Мӯъмин Қаноат дар парвариши завқи шоирони солҳои 60-80 ниҳоят равшан аст. Баланд шудани ҳисси масъулияти шоир нисбат ба шеъре, ки мегӯяд, кӯшиш ба риояти таносуб ва мантиқи сухан, бамавриду саҳеҳ истифода кардан аз захираи луғат ва таъбироти рехтаи забон, эҷодкорона ба кор бурдани имконоти дохилии арӯзи тоҷикӣ ва қофия – ин ҳама ба замми истеъдоду табъ ва омӯзиши шоирон омилҳое буданд, ки савияи шеъри моро ду-се даҳсолаи охир хеле баланд бардоштанд ва дар ин ҷода хидмати устод Мӯъмин Қаноат ва саҳми шеъри ӯ шоистаи тақдиру таҳсин аст.
Барои баланд шудани завқи хонанда ва афзудани таваҷҷуҳи мардуми мо ба шеър расм шудани бидуни коғаз ё китоб, яъне аз ёд қироат кардани шеър аз ҷониби худи шоирон нақши муҳим бозид. Дар саргаҳи ин кор низ устод Мӯъмин Қаноат меистод ва дигар шоирон аз ӯ нек пайравӣ карданд.
Умуман, агар гӯем, ки ҷавоншоирони солҳои 60-70-и қарни гузашта дар ибтидо ҳама аз мактаби шеъри Қаноат сабақ омӯхтаву баъдан иддае пайроҳаҳои худро пайдо карданд, саҳв нахоҳад шуд. Ба ибораи дигар, ҳамаашон аз ҳамон лонаи шеъри Мӯъмин Қаноат (ҳамчунон ки худи ӯ ва ҳамсолонаш аз лонаи шеъри Лоҳутиву Турсунзода) болу пар бароварда, дар фазои бекарони шеъри тоҷикӣ ҳар кадом самтеву роҳеро интихоб кардааст.
Дунёи шеъри Мӯъмин Қаноат хеле рангин аст, ба қавли худи шоир, «бекарон баҳрест» ва ҳар ғаввос метавонад гавҳари дилхоҳ аз он биёбад, агар гавҳаршинос бошад.
Роҳи устод Мӯъмин Қаноат дар олами шеъри форсӣ пайравони бешумор дорад.

пешина
аз 202
навбатӣ