Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам
Дӯст медорам варо.
Мӯъмин Қаноат ин шеърро соли 1963 гуфта буд, вале мо баҳси се ва ё як забон будани забони форсиву тоҷикиву дариро охири солҳои 80 оғоз кардем. Ӯ бо меҳри бепоён, ниҳоят ширин ва дилнишин суханашро гуфт, мавқеъ ва муносибаташро ба забони модарӣ ифода намуд, вале равшанфикрони мо дар гузоришу ҳалли ин масъала аз баҳсҳои илмиву илмимаоб то низоъҳои маҳалливу гурӯҳӣ расиданд. Аз шоирон низ чанд тан дар мавзӯъи ситоиши забони тоҷикӣ шеърҳое навиштанд, вале бо оҳанги арбадаҷӯиву ситезаписандӣ (аз устод Лоиқ, Бозор Собир то шоирони ҷавонтар).
Баъзе мавзӯъҳое, ки шоирони мо дар сари онҳо солҳои 70-80 бисёр гиру мон ва баҳсу талош карданд, низ дар бархе аз ашъори солҳои моқабли Мӯъмин Қаноат зимни абёти лирикӣ хеле нишонрасу нозукадоёна баёни худро ёфта, вале азбаски аз рӯҳияи пархошҷӯёнаву ҳангоматалабона орӣ буданд, камтар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Масалан, ба мавзӯъи Самарқанду Бухоро, тақдири таърихии ин ду маркази тамаддуни тоҷикон дар шеъри «Суруди охирин»
чунин ишораҳо ҳастанд.
Навовариву навпардозии Мӯъмин Қаноат дар системаи образҳои шеъри тоҷикӣ, дар сохт ва таркиби арӯз, дар офаридани шаклҳои тоза ва эҳёи ашколи анъанавӣ бо мазомини нав дар навиштаҳои муҳаққиқони мо то андозае баррасӣ шудааст. Ҳамин қадар мехостам илова бикунам, ки дар шикастани мисраъҳо, дар истифодаи арӯзи озод Мӯъмин Қаноат қариб ҳамеша аз пайи таъкиду таъйиди маънӣ рафта, бо тақозои исту гардишҳои мантиқӣ сари ин корро гирифтааст.
Шеърҳои «Хоби қаҳрамон», «Давоми нек роҳатро», «Нарав, қуи сафеди ман», «Ману шабҳои бехобӣ», «Гули бодом» ва достони «Китобҳои захмин» аз ҳамин қабиланд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё