Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Назари Қаноат ба рисолати шеър тадриҷан тағйир пазируфта, таваҷҷуҳаш ба мавзӯъҳои муҳимми таърихиву иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар зоҳир шуд. Манзумаи «Шоир ва шоҳ», шеърҳои «Зиндаи ҷовид», «Эй шоири Сомон!», «Суруди охирин», «Қатли Восеъ» ва мисли инҳо дар корбасти мавзӯъҳои таърихиву фалсафӣ барои офаридани достонҳои таърихимавзӯъи ӯ «Тоҷикистон – исми ман» ва «Гаҳвораи Сино» заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Зимнан, ин ҷо мехоҳам як нуктаро таъкид бикунам, ки Мӯъмин Қаноат тақрибан сӣ соли эҷодиёти худро пойбанди мавзӯъҳои ҷашнӣ ва ҳадафҳои сиёсати замон кард. Достонҳои мазкур аслан маҳсули ҳамон мароми сиёсати адабӣ мебошанд. Дар достони аввал панорамаи ҳаёти халқ дар масири як фосилаи муайяни таърих тасвир шудааст. Достони дуюм фалсафаи ҳаёт ва фаъолияти илмиву эҷодии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро дар манзари таърихи пурошӯби замони ӯ аз лиҳози бадеӣ инъикос намудааст. Ҳамин равияи ҳамосаписандӣ самти асосии фаъолияти эҷодии устод Мӯъмин Қаноат гардид. Аз ин гаравиш ҷанбаи лирикии истеъдоду эҷодиёти шоир сахт осеб дид.
Маҳорати Мӯъмин Қаноат дар эҳсос кардани мавзӯъҳои муҳимми ҳастии халқ ва дар ибрози мавқеъи шоистаи гражданӣ нисбат ба тафсиру талқини ин мавзӯъҳо қобили таҳсину тақдир аст. Бисёре аз мавзӯъҳоеро, ки моҳияти иҷтимоӣ, таърихӣ ва сиёсӣ доранду шоирон аз солҳои 70 то имрӯз ба онҳо гаштаву баргашта муроҷиат мекунанд, Мӯъмин Қаноат дар солҳои 60 тарҳрезӣ карда буд. Шеъри машҳури ӯ «Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ»-ро ба хотир оред:
Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб,
Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.
Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.
Лафзи шеъри дилбарӣ гӯӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё