МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
«Тоҷикон» ҳамчун асари бунёдӣ аз ибтидо аз ҷониби муаррихон ва ховаршиносони ҷаҳонсазовори баҳои арзанда гардид, ки шаҳодати он чопи тақризҳои зиёд аз тарафи олимони шинохта ва тарҷума гардидани он ба забонҳои гуногун дар хориҷа мебошад. Б. Ғафуров ба таърихи миллати хеш аз мавқеи воқеият бо асноду далелҳои қавӣ дар чаҳорчўбаи муқаррар намудаи илми замон ҳамчун ҷузъи таркибии таърихи умумибашарӣ муносибат намудааст.
Бобоҷон Ғафуров бо чопи ин шоҳасар исбот намуд, ки тоҷикон дорои таърихи бой ва гузаштаи тўлонӣ ҳастанд ва ниёзе ба таърихи сохтаю бофта ё таҳрифи таърих надоранд. Ў дар ҳама ҳолат ҳангоми тадқиқи ин ё он масъалаи илмӣ ҳадди муайяну заруриро нигоҳ дошта, пайваста таъкид менамуд, ки «ҳадде ҳаст, ки аз он гузаштани таърихшинос мумкин нест, зеро агар вай аз ин ҳад гузарад, таърихшинос не, балки қиссапардоз мешавад».
Олими шинохта тавассути асарҳои хеш, махсусан «Тоҷикон» ба мо ва оламиён саҳифаҳои таърихи бою рангини миллати тамаддунофари тоҷикро бо ҳама бурду бохташ тадқиқ намуда, нишондод, ки ин халқ дорои таърихи зиёда аз шашҳазорсола буда, сокинони аслии Хуросону Варорўд, офарандагони тамаддуни минтақа ва оину суннатҳои наҷиби то имрўз побарҷои аҷдодӣ мебошад. Тоҷикон дар масири таърих ҳамеша ҳамчун мардуми давлатсозу давлатдор, эҷодкору бунёдкор, тамаддунсозу сулҳофар ва дар баробари ин, муборизи роҳи озодию истиқлолият, ҳомии марзу бум ва суннатҳои аҷдодӣ, забони модарӣ ва фарҳанги ниёкон тасвир ёфтаанд. Аз саҳифаҳои асар бармеояд, ки миллати тоҷик ҳамеша аз ҳамагуна гирдобҳои замона, ки ҷонкоҳу камаршикан буд, натанҳо зиндаву саломат берун омад, балки дар андак фурсат аз нав қомат меафрохт ва эҳё мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё