МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Академик Б. Ғафуров ба замми таълифоту тадқиқоти бунёдӣ, инчунин тавассути талошу заҳматҳои зиёд дар роҳи ташкили муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, марказҳои таърихшиносӣ, тайёр намудани таърихшиносони касбӣ дар ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик нақши амиқ гузоштааст. Кўшишу талошҳои ў дар роҳи ташкили нахустин донишгоҳи давлатӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳамагон маълум аст. Нақши ў дар таъсиси институти мустақили таърих ҳамчун маркази асосии омўзишу тадқиқи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии тоҷик мавриди таваҷҷуҳ аст. Вақте соли 1951 ИТБМ таъсис ёфт, маҳз бо пешниҳоди Б.Ғ. Ғафуров нахустин директори он донишманди шинохта ва донандаи таърихи халқи тоҷик А.А. Семёнов таъйин гардид.
Баробар ба ин академик Б. Ғафуров барои ба роҳ мондани фаъолияти босамари институт гурўҳи калони олимони барҷаста, аз ҷумла, М. С. Андреев, А.Ю. Якубовский, М.М. Дяконов, А.М. Беленитский, А. Окладников, А. Манделштам, Б.А. Литвинский, Е.А. Давидовичро ба кор даъват намуд. Ба кор дар институт ва тадқиқи таърихи халқи тоҷик ҷалб шудани ин муҳаққиқон боиси пешравии фаъолияти муассиса ва афзоиши мақоми таърихшиносии тоҷик дар миқёси Иттиҳоди Шўравӣ гардид. Иқтидори илмии институт ва доираи баррасии масоили мавриди тадқиқ ба маротиб вусъат ёфта, фаъолияти густурдаи муассиса дар самтҳои таърихшиносию таърихнигорӣ, фарҳангшиносӣ, маъхазшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ ва дигар шохаҳои илми таърих ба роҳ монда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё