МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Осори таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон, ки имрўз берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ мондаанд, мансуб ба таъриху тамаддуни тоҷиконанд, на ба он мардуме, ки имрўз он ҷо сукунат доранд. Имрўз низ азхудкунии таърих, моли худ ва ба таърихи гузаштаи халқи худ марбуд донистани осори таърихию фарҳангии тоҷикон дар қаламрави минтақа бо суръат идома дорад.
Академик Б. Ғафуров бо асарҳои безавол ва бунёдии худ консепсияи илмии тадқиқи таърихи халқи тоҷикро мураттаб намуда, ҳудудҳои асосии ташаккули халқи тоҷикро чун этнос илман асоснок намуда, даврабандии комилан илмии таърихи халқи тоҷикро пешниҳод намуд. Консепсияи илмии тадқиқи таърихи халқи тоҷик, ки Б. Ғафуров пешниҳод намудааст, аз ҷониби олимони шинохта ва марказҳои бузурги илмии сатҳи ҷаҳонӣ мавриди эътироф ва дастгирӣ қарор гирифтанд ва он имрўз низ қиммати илмии худро аз даст надодааст. Вале, Б. Ғафуров бо ин қаноат накарда, мўшикофона тадқиқи таърихи халқи тоҷикро боз ҳам мукаммалу комилтар намудааст, ки натиҷаи заҳматҳояш дар роҳи шинохти таърихи ниҳоят тўлонии мардуми тоҷик чопи асари безаволи «Тоҷикон» аст, ки соли 1972 ба забони русӣ [5] ва солҳои 1983, 1985 ба забони тоҷикӣ [9; 10] манзури хонанда гардид. Ин китобро, ки Пешвои муаззами миллат барҳақ «шиносномаи миллат» ном мондаанд имрўз ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ чун тўҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки мондагортарин заҳмати фарзанди фарзонаи миллат ба халқу кишвари азиз мебошад.
«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар заминаи асноду далели сарчашмаю мадракҳои таърихӣ ва таҳлили жарфи пажуҳишҳои илмии таърихшиносию ховаршиносии ватанию хориҷӣ таълиф гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё