МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Баробари таваҷҷуҳ ва пос доштани таърихи миллати худ ба таъриху фарҳанги дигар халқҳо, пеш аз ҳама халқҳои минтақа арҷ мегузошт. Аммо нисбат ба оне, ки ба таърихи миллати тоҷик назари манфӣ дошт ва ё таърихи онро нодида мегирифт, ҳамеша ҷавоби солими олимона медод. Масалан, солҳои 30-юми асри гузашта як тамоюле дар байни муаррихон ва умуман олимон паҳн шуд, ки тибқи он бояд таърихи ҳар як халқи минтақа дар доираи ҷуғрофияи ҷумҳуриҳои шўравии мавҷуда мавриди тадқиқу омўзиш қарор гирад. Ҳатто соли 1936 доир ба навиштани китобҳои дарсӣ дар Душанбе конференсияи калоне баргузор шуд, ки дар он профессори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна В.Я. Яротскӣ пешниҳод намуд, ки таърихи халқи тоҷик дар заминаи ҳудуди кунунии ҶШС Тоҷикистон таълиф ва омўхта шавад ва ў ҳатто номгўи мавзуъҳои китоби дарсиро чун «Ҳукмронии Ҳахоманишҳо дар Тоҷикистон», «Искандари Мақдунӣ дар Тоҷикистон» ва ё «Давлатҳои турк (Сомониён, Қарахониён, ва Қарахитоиҳо) ва Тоҷикистон дар асрҳои IX-XIII», «Чингиз ва Темур ва мақоми онҳо дар Тоҷикистон» ва ғайра ба таври худ пешниҳод намуда буд. Дар ҳошияҳои маърўзаи ин «таърихшиноси номӣ», ки он вақт декани факултети таърихи ДДОМ буд, Б. Ғафуров дар қайдҳояш ҷасурона ва бо қатъият изҳори норизоӣ намуда «Консепсияи ғайриилмию ниҳоят зараровар» зикр намудааст. [муфассалтар ниг:. 14, 136-138].
Б. Ғафуров дар ҷавоб ба чунин олимтарошон таърихи халқи тоҷикро на дар чаҳорчўбаи ҷумҳурии шўравӣ, балки дар тамоми қаламрави тоҷикнишин - Варорўду Хуросон мавриди тадқиқ қарор додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё