МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Академик Б.Ғафуров барои такмили нашри русии китоб 10 сол вақт масраф намуда, бо назардошти эродҳои роҳбари мамлакат Иосиф Сталин (дар суҳбати шахсӣ моҳи январи соли 1948) ба он тағйироти зиёд ворид намудааст [14, 248]. Доир ба зарурати таълифи китоб Б. Ғафуров таъкид менамояд, ки «то ин вақт таърихи навишташудаи тоҷикон мавҷуд набуд.
Асарҳои зиёди олимони шўравӣ ва шарқшиносон асосан таърихи халқҳои Осиёи Миёнаро дар маҷмуъ инъикос намуда, таърихи алоҳидаи халқҳои муқими ин минтақаро мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд» [4, 465]. 25 феврали соли 1952 Шўрои илмии Институти таърихи фарҳанги моддии АИ ИШ барои китоби мазкур ба Б. Ғафуров якдилона дараҷаи илмии доктори илмҳои таърихро дод.
Ин таҳқиқоти бунёдии Б. Ғафуров бо такмилу иловаҳо боз ду маротибаи дигар, солҳои 1952 ва 1955 дар Москва аз чоп баромад.
Чопи тоҷикӣ ва русии таърихи ҷомеи халқи тоҷик қадами аввал дар тадқиқи таърихи комил ва пурраи сокинони бумии Осиё Миёна – тоҷикон буд. Нақши ин ва дигар таълифоти академик Б. Ғафуров пеш аз ҳама дар он аст, ки новобаста аз нооромии замон ва чаҳорчўбаи маҳдуди идеологӣ, ҳадафҳои ғаразмандонаи бархе аз муаррихон ва ҳатто мактабҳои таърихнигории минтақа дар доираи принсипи интернатсионализм ва дўстии халқҳо тавонист таърихи пурғановати халқи тоҷикро барои мардуми тоҷик ва ҷаҳониён навишта кунад, балки ба ҳама он тоҷикситезоне, ки мавҷудияти ин халқи тамаддунофарро инкор карда, онҳоро омада ё зери таъсири фарҳанги дигарон афтода мепиндоштанд, ҷавоби сазовори олимона диҳад.
Таълифоти Б. Ғафуров ҳамеша дар асоси мадраку сарчашмаҳои илмӣ иншо шуда, дар марказҳои калони илмии Иттиҳоди Шўравӣ мавриди баррасию қазоват қарор мегирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё