МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Бо вуҷуди он, ки сиёсати ҳукумати рус дар кишвар сиёсати мустамликавӣ буда, аз пешравии фарҳангии аҳолии маҳаллӣ ҳарос дошт, вале бидуни хоҳиши ҳокимиятдорону доираҳои тафаккури бузургманишии русигароӣ ба ҳайати Руссия шомил шудани ин мулкҳо боиси пешравӣ ва рушди низоми мактабу маориф гардид. Мактабҳои нави русию маҳаллӣ ва усули ҷадид, ки низоми таълими аврупоӣ доштанд, торафт бештар нуфуз пайдо мекарданд.
Нақши мактабҳои усули ҷадид дар таърихи ташаккул ва такомули маорифи тоҷик ниҳоят назаррас мебошад.
Мактабҳои усули ҷадид дар баробари мактабҳои русӣмаҳаллӣ аввалин муассисаи таълимие буданд, ки дар пайравии мактабҳои аврупоӣ бунёд ёфта, бо усулу тарзи замонавии таълим фаъолият менамуданд. Маҳз бо ташкилёбии мактабҳои усули ҷадид қадами ҷиддӣ дар раванди раҳонидани ҷомеаи аморати Бухоро аз ҷаҳолат ва қафомондагии асримиёнагӣ гузошта шуд. Дар аморати Бухоро ба туфайли ташкилёбӣ ва фаъолияти мактабҳои усули ҷадид таълими асосҳои донишҳои дунявӣ ва барои зиндагӣ зарур ба низоми таҳсилот ворид гардиданд.
Ташкилёбии мактабҳои усули ҷадид боиси таълиф ва ба чоп расидани аввалин китобу васоити таълимӣ ба забони тоҷикӣ, ба монанди дастуру васоити ёрирасони таълимии устод Садриддин Айнӣ «Тартил-ул-Қуръон»(1909), «Заруриёти диния» (1914), «Таҳзиб-ус-сибён» (солҳои 1910 ва 1917), китобҳои таълимии М.Беҳбудӣ «Асбоби савод ё ин ки алифбои мактаби исломия» (1903), «Географияи мухтасари Руссия» (1906), «Мунтахаби географияи умумӣ»
(1906), «Мадхали географияи имронӣ» (1906), «Китоб-улатфол»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё