МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар баробари тарғибу ташвиқот яке аз «кори муҳимми ҷамъият талаба фиристодан ба хориҷа буд». Аз ҷумла, соли 1911 15 нафар ва соли 1914 30 нафар хонанда барои таҳсил ба хориҷа фиристода шуданд [20].
Тарафдорони мактабҳои нав ва ислоҳоти низоми маориф - «ҷадидон» ва муқобилони онҳо «қадимиён» ё «қадимпарастон» ном гирифтанд. Тазаккур бояд дод, ки ҷадидон аввалин нафароне буданд, ки дар зери таъсири ақидаҳои Аҳмади Дониш даст ба таъсиси мактабҳои нав ва умуман ислоҳоти мактабу маориф заданд. Ҳаракати ҷадидия ҳамчун ҷараёни фарҳангию маърифатӣ дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX дар байни зиёиёни бедоргаштаи Осиёи Миёна ба вуҷуд омада, баъдан ҳамчун ҷараёни иҷтимоию сиёсии ислоҳотхоҳона шакл гирифтааст [21]. Манбаи асосии ин ҳаракат аввалан, ақидаҳои маърифатпарварии А. Дониш ва пайравони ў, таъсири ҳаракати ҷадидияи тоторҳои Руссия ва албатта, инкишофи муносибатҳои молию пулӣ дар Осиёи Миёна мебошад.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои молию пулӣ ва таъсири омилҳои беруна, ба вижа истило шудани Осиёи Миёна аз тарафи Руссия ва таъсири дигаргунию пешравиҳои дар мамлакатҳои инкишофёфтаи исломӣ ба миён омада, дар низоми мактабу маориф дигаргуниҳои ҷиддӣ ба миён омаданд. Албатта, дигаргунӣ ва пешравии соҳаи маориф дар навоҳии ба тобеияти Руссия гузашта, назаррастар мебошанд. Дар ҳудуди генерал – губернатории Туркистон, ки навоҳии шимолии Тоҷикистони кунунӣ низ ба он шомил буд, низоми ташкил, идора ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ шакли муайян ва то андозае аврупоиро гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё