Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Устод Айнӣ навиштааст, ки мактаби Ҷўрабой «ба афкори умумӣ таъсире накарда, зуд маҳв шуд» ва мактаби тоторҳо бошад «мактаби Бухоро ҳисоб намеёфт», бинобар ин, мактаби Мунзимро «мактаби аввали Бухоро меномем» [17]. Ин мактаб дар аввал ҳамагӣ 12 нафар хонанда дошт ва бо мақсади таъмини талабагон бо китобҳои дарсӣ М.А.
Мунзим ва С. Айнӣ баҳори соли 1909 «Ширкати Бухорои Шариф» - ро таъсис доданд. Ин ширкат тавонист чандин васоити таълимӣ, аз ҷумла, «Таҳзиб-ус-сибёни»-и устод Айниро таҳия намуда, барои чоп ба Оренбург фиристад.
А. Мунзим барои калонсолон низ курси шабонаи саводомўзӣ таъсис дода буд [18].
Мутаассифона, мактаби Мунзим низ дер давом накард,
25 сентябри соли 1909 хукумати амирӣ мактабро баст. Пас аз ин ҳодиса таҳсили бухороиён дар мактабҳои тоторӣ низ манъ гардид. Устод Айнӣ оид ба баста шудани мактаб навишта буд, ки «ин қаҳрамонони шариат (!) як бор ба мактаби кўҳна назар намеандозанд ва ба ҳоли мазлумонаи авлоди муслимин тараҳҳуме наменамоянд», вале кўшиши ду-се нафарро, ки «маҳз бо ҳамияти динӣ ва миллатдўстӣ»
«бо хуни ҷигар мактабе мувофиқи одоби исломӣ таъсис мекунанд», «чанд ашхосе, ки худ соҳиби фарзанд нестанд ё дар қайди тарбияти фарзанд нестанд, бар хилоф бармехезанд» [19].
Аммо, талабгорони донишу маърифат ба манъ шудани мактабҳои усули ҷадид аз тарафи ҳукумати амирӣ нигоҳ накарда, таҳсилро дар мактабхои тоторӣ давом медоданд.
Мубориза миёни тарафдорони мактабҳои нав ва муқобилони онҳо рўз то рўз шадид мегардид. Ҷадидони Бухоро маҷбур шуданд, ки фаъолияти худро то андозае пинҳон доранд ва 1-уми декабри соли 1910 ҷамъияти пинҳонии «Тарбияи атфол»-ро ташкил доданд.

пешина
аз 142
навбатӣ