Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

(1908), китобҳои хониши Сиддиқии Аҷзӣ «Ганҷинаи ҳикмат ё худ адабиёти ҷадида» (1914), «Айн-уладаб» (1915); китобҳои дарсӣ ва хониши Абдуқодири Шакурӣ «Роҳнамои савод» (1906), «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»
(солҳои 1907 ва 1911), инчунин китобҳои Саидаҳмади Васлӣ «Баён-ул-ҳуруф» (1903), Абдулвоҳиди Мунзим «Роҳбари хат» (солҳои 1908 ва 1920) ва ғайра гардид.
Маҳз дар заминаи ҳамин маводҳои таълимӣ китобу дастурҳои таълимии нави давраи шўравӣ мураттаб гардиданд. Илова ба он, муаллимону дастпарварони мактабҳои усули ҷадид дар баробари хатмкунандагони мактабҳои русӣ-маҳаллӣ аввалин омўзгорони мактабҳои нави шўравӣ буданд. Пас аз инқилоб ва барҳам хўрдани аморати Бухоро қисми зиёди мактабҳои кўҳна ба мактабҳои усули нав ва баъдтар мактабҳои шўравӣ табдил ёфтанд. Ислоҳоти мактабҳои кўҳна ва мувофиқсозии онҳо ба талаботи низоми шўравӣ аз соли 1926 ибтидо гирифт, ки шарти асосии он ҷорӣ намудани таълими ҳатмии забони модарӣ, арифметика ва табиатшиносӣ ҳисобмеёфт [22].
Мактабҳои ислоҳшуда бояд муддати ду сол фаъолият намуда, баъд ба низоми мактаби шўравӣ мегузаштанд.
Афзудани мактабҳои шўравӣ ва чораҳои фаврии ҳукумати нав барои ҷалб намудани талабагон мақомимактабҳои шўравиро баланд бардошт ва ниҳоят бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ соли 1929 мактабҳои кўҳна дар қаламравӣ ҷумҳурӣ пурра барҳам дода шуданд.

Пайнавишт:
Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. – С.35.
2.Ҳамон ҷо.
3.БМД ҶУ. - Ф. 47.-Н.1.-Б. 361.-В.-225 (пасаш).

пешина
аз 142
навбатӣ