МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Муаллиф иқрор мешавад, ки орзуи ислоҳи мактаб ва нафрат ба усули кўҳнаи тадрис баъд аз мутолиаи осори Аҳмади Дониш, бахусус «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Саёҳатнома»-и Иброҳимбек дар ў пайдо шудааст [2].
Ҳаракат барои ташкили мактабҳои усули ҷадид хеле пештар дар ҳудуди вилоятҳои мусулмоннишини Руссия пайдо шуда буд. Аз тарафи буржуазияи навхоҳи мардуми тотор таъсиси мактабҳои нави мусулмонӣоғоз ёфта, он зуд дар Қрим, Қавкоз, ҳудуди соҳили Волга ва Урал паҳн гардид. Яке аз аввалин ташаббускорони ин ҳаракат Исмоилбеки Ғаспаринии Боғчасароӣ буд, ки фаъолияти худро аз таълими забони русӣ дар мактабҳои маҳаллӣ оғоз намуда, соли 1884 дар Боғчасарой нахустин мактаби усули ҷадидро таъсис дод [3] ва оид ба ислоҳи мактабҳо дар рўзномаҳои онрўза мақолаҳо интишор намуд. Исмоилбеки Ғаспаринӣ бо мақсади паҳн намудани ғояҳои нав ва ташкили мактабҳои усули ҷадид ба Осиёи Миёна низ ташриф овардааст.
Аз тарафи дигар дар бисёр давлатҳои мусулмонӣ аз нимаи дувуми асри XIX барои раҳоӣ ёфтан аз қафомондагӣ роҳи баромад меҷустанд. Онҳо сабаби асосии қафомондагиро дар норасоиҳои соҳаи маориф, дар бесаводӣ ва гирифтории аҳли ҷомеа ба хурофот медиданд. Аз ин рў, ислоҳи низоми маориф чун омили муҳим ба мадди аввал баромад. Масалан, дар Туркия барои пиёда сохтани ин мақсад аъзоёни ҳизби «Иттиҳод ва тараққӣ» ба ислоҳоти мактаб ибтидо гузошта, барномаи онро бо ворид намудани фанҳои таърих, арифметика, ҷуғрофия, табиатшиносӣ ва дигар илмҳои дунявӣ васеъ намуданд. Чунин ҳаракат ва кўшишҳо дар Эрон, Миср низ ба амал омада буданд. Вале

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё