МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Низоми мактабу маорифи аморати Бухоро аз муассисаҳои таълимии мактаб, мадраса ва муассисаҳои маданию маърифатии хонакоҳ, қорихона, далоилхона ва корвонсарой иборат буд. Чи хеле, ки муҳаққиқон ишора кардаанд, аз ҷиҳати шумора ва шакл муассисаҳои таълимӣ ва маданию маърифатӣ он қадар кам набуданд. Аммо бояд иқрор шуд, ки мавҷудияти низом ва амал намудани ин муассисаҳо дар аморати Бухоро натиҷаи сиёсати дурандешонаи давлатдории аморат набуда, ғолибан аз хусусияти фитрии доништалабии халқи одӣ, махсусан тоҷикон, ки қисми асосии аҳолии аморатро ташкил медоданд, бармеомад. Дар аморат сиёсати таҳрезишудаи рушд ва дурнамои низоми маориф чун дигар самтҳо умуман вуҷуд надошт ва аз хазинаи давлат барои пешрафти ин соҳа маблағе ҷудо намегардид. Давлат фаъолияти муассисаҳои таълимиро тавассути амалдорон ба хотири ба он ворид нашудани ягон дигаргуниву тағйирот зери назорати пайваста нигоҳ медошт.
Мактабҳои усули ҷадид маҳсули инкишофи муносибатҳои нави молию пулӣ, ҳаракати маорифпарварӣ ва муборизаю талошҳои аҳли пешқадами ҷомеаи аморати Бухоро буданд. Охири асри XIX ва ибтидои қарни XX зери таъсири маорифпарварону навхоҳон як гурўҳ зиёиёни аморати Бухоро аз фаъолияти мактабу мадрасаҳо, усули таълиму тадрис изҳори норизоӣ менамуданд. Зиёиён сабаби асосии ақибмондагии аморат ва мардуми онро дар усули кўҳнаи таълим медиданд. Устод С. Айнӣ менависад, ки ман «ҳарчанд то ин дам аз матбуоту адабиёти ҳозира бехабар будам, лекин як орзуи ислоҳи макотибу мадорис дар хотирам нохун мезад» [1].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё