Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

2.3.МАКТАБҲОИ УСУЛИ ҶАДИД ВА НАҚШИ
ОНҲО ДАР ТАЪРИХИ МАОРИФИ ТОҶИК

Фосилаи таърихии нимаи дуюми қарни XIX - аввали асри XX барои халқи тоҷик, воқеан давраи тақдирсоз маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин давраи таърихӣ, новобаста аз парокандагӣ, фишору таҳдидҳои сиёсӣ ва маҳдудияти ҳуқуқӣ тоҷикон бо иқтизои таъриху тақдир ба эъмори давлатдории навини худ ноил гаштанд. Бедории сиёсӣ ва фарҳангӣ, кўшишу ҳаракати ислоҳотхоҳӣ, эътироз аз сохту сулолаи ҳукмрон ва тартиботи мавҷуда аз охири асри XIX оғоз ёфта, дар давраи шўравӣ новобаста аз чаҳорчўбаи маҳдуди идеологии замон боиси зина ба зина ташаккул ёфтани худшиносии миллии тоҷикон мегардад, ки натиҷаи он дар ибтидо ташкилёбии ҷумҳурии мухтор, сипас ҷумҳурии иттифоқӣ ва ниҳоят истиқлолияти комили давлатӣ мебошад.
Оғози бедории сиёсӣ ва ҳаракати ислоҳотхоҳии халқи тоҷик аз мутафаккири барҷаста Аҳмади Дониш ва пайравони ў маншаъ мегирад. Маҳз асарҳои Аҳмади Дониш бунёди назари навро ба сохти аморати Бухоро ва ҳолати воқеии он, зарурати ислоҳот, пеш аз ҳама ислоҳоти низоми маънавию фарҳангии ҷомеа ибтидо гузошт. Яке аз падидаҳои муҳимме, ки дар раванди ислоҳотхоҳии охири асри XIX ва ибтидои асри XX ба миён омад, ташкилёбии мактабҳои усули ҷадид буд.
Воқеан, низоми мактабу маорифи аморати Бухоро дар шакли заифи низоми мактабу маорифи ибтидои асримиёнаи Мовароуннаҳру Хуросон қарор дошт. Сулолаҳои ҳукмрони баъдина ба ин низом натанҳо тағийроту дигаргунии ҷиддие ворид накарданд, балки барои дар ҳолати карахтиву рукуд нигоҳ доштани он мусоидат намуданд.

пешина
аз 142
навбатӣ