МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
таъсири Руссия ва Туркия дар Туркистон ва аморати
Бухоро бештар эҳсос мешуд.
Дар паҳн гардидани ақидаҳои ислоҳотхоҳӣ, бавижа
ислоҳоти низоми маориф нақши интишороти хориҷӣ, бахусус рўзномаву маҷаллаҳои «Ҳабл-ул-матин» (Ҳиндустон), «Чеҳранамо» (Миср), «Сироҷ-ул-ахбор» (Афғонистон), «Тарҷумон» (Боғчасаройи Қрим), «Мулло Насриддин» (Тифлис), «Вақт» (Оренбург), «Шўро» (Оренбург),
«Садои Фарғона», ки бо забонҳои форсӣ, туркӣ, тоторӣ ва
русӣ нашр шуда, бо роҳҳои гуногун ба кишвари Туркистон ва аморати Бухоро ворид мегардиданд, нақши
муассирро гузоштаанд [4].
Мактабҳои усули ҷадид бори аввал соли 1898 бо
ташаббуси мулло Салоҳиддин дар Қўқанд, соли 1899 дар
Андиҷон бо ибтикори мулло Шамсиддин ва ҳамин сол бо
кўшиши қорӣ Манон дар Тошканд, ки ба генералгубернатории Туркистон шомил буданд, ташкил ёфтаанд
[5]. Барои кушодани мактабҳои усули нав руҳониён, ки аз
идоракунии кишвар то андозае дур буданд, муқобилият
карда наметавонистанд. Аз тарафи дигар буржуазияи
маҳалии Туркистон низ тарафдори мактабҳои нав буд ва
барои ташкили он заминаи хуби молиявӣ низ дошт.
Забони тадриси мактабҳои мазкур ҳама туркӣ буданд.
Аввалин мактаби усули ҷадиди тоҷикӣ дар Самарқанд
соли 1901 бо ташаббуси маорифпарвари тоҷик Абдуқодир
Шакурӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар бораи он устод Айнӣ
маълумотҳои муҳим овардааст [6]. Шакурӣ соли 1903дар
гузари Қўшҳавзи Самарқанд ҳамин гуна мактаби усули
навро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Холиқ -
Сиддиқии Аҷзӣ низ баъди бозгашт аз саёҳати тўлонии
хориҷӣ, соли1904 дар деҳаи Ҳалвоӣ, наздикии Самарқанд, мактаби худро мекушояд, ки дар барномаи он омўзиши забон ва хониши адабии русӣ низ шомил гардида буд [7].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё