Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан
  • Нобуд шудам, - мегуфт ӯ гирякунон. - Хон сарамро ҳамроҳи каллапӯшам ва дастамро бо остинам аз тан ҷудо мекунад.

Ногоҳ аз ким-куҷое як пирамарди сарсафед ва ришаш дароз пайдо шуда аз ҷавон пурсид:

  • Чаро гиря мекунӣ, Оскас-ӯгул?

  • Қаратихон ба ман фармуд, ки бузҳои зардашро дар кӯҳ чаронам. Бузҳо бошанд, ба дашт мегурезанд...

  • Қирои гиря кардан набудааст, - гуфт пирамард, - Онҳоро ба кӯҳ гардон, ҳамин ки ба тарафи дашт гаштанд, бигӯ: «Бузҳои зард, тактагалдай! Ба қаъри хок тактагалдай!» - Мӯйсафед ин гапро гуфта ғайб зад.

Оскас-ӯгул аз паси бузҳо тохта дод мезад:

  • Бузҳои зард, тактагалдай! Ба қаъри хок тактагалдай!

Ҳамин вақт ҳамаи ҳафтод буз ба замин даромада рафтанд, баъзеашон танҳо шоҳашон намудор буду баъзеашон тамоман нопадид шуда буданд.

  • Ман чӣ кор кардам! - дод гуфт Оскас-ӯгул. - Ана акнун хон сарамро бо каллапӯшам аз тан ҷудо мекунад! Чаро гапи мӯйсафедро гӯш кардам? Чаро ин суханҳои сеҳрнокро ба забон гирифтам? Эҳ, мӯйсафеди бераҳм, чаро ин суханҳоро ба ман ёд додӣ? - гӯён ҷавони бечора бузҳоро аз зери хок бо калтак кофта гирифтанӣ мешуд.

Ногоҳ боз ҳамон мӯйсафед пайдо шуда монд.

  • Чаро ту дод гуфта гиря мекунӣ, Оскас-ӯгул?

  • Ту омадӣ, ки маро нобуд кунӣ? Мумкин, ту шайтон бошӣву ба ту сари ман даркор шуда бошад? Гапи туро гӯш кардаму ҳамаи бузҳо нобуд шуданд. Ман онҳоро чӣ тавр аз замин кашида мегирам?

  • Қирои оҳу нола кардан набудааст, - гуфт мӯйсафед. - Фақат гуфтан даркор ки: «Бузҳои зард бодара! Аз қаъри хок бодара! - Мӯйсафед пас аз гуфтани ин суханҳо боз ғайб зад.

Оскас-ӯгул фарёд кард:

  • Бузҳои зард, бодара! Аз қаъри хок бодара!

Ҳамаи бузҳо аз замин баромада ба тарафи кӯҳ давиданд. Бегоҳӣ ҷавон бузҳоро ба авул ҳай карда овард ва худаш ба

пешина
аз 200
навбатӣ