Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

— Ин айби ту! Ба ин ту гунаҳгорӣ! — мегуфтанд бародарони калонӣ ба якдигар ва аз тарс меларзиданд.

Ба бародари хурдӣ онҳоро ҷазо додан лозим наомад, зеро онҳо аз тарси интиқом худашон мурданд. Хаймар-ӯгул бо зани нозанинаш аз хушбахтӣ чӣ хел гузаштани рӯзу чӣ хел омадани шабро ҳис намекарданд.

Лаҳзаҳои хушро ба ёд оварда механдиданду лаҳзаҳои бадро ба ёд оварда мегиристанд. Хаймар-ӯгул саҳарӣ рӯзи дигар зану хизматгор ва аспу юртҳоро гирифта, ба хонигарии худаш рафт.

Вай қасри сафедашро дар дашти васеъ устувор карда, чорвои бешуморашро дар кӯҳҳои сабз мечаронид ва солҳои дарозе умр дид ва дар хонигариаш ҳукмронӣ кард.

СУХАНҲОИ СЕҲРНОК

Буд-набуд, як замонҳо Оскас-ӯгул ном ҷавоне буд. Вай на падар дошту на модар. Яккаву танҳо зиндагӣ мекард. Авул ба авул гашта, ҳар чӣ ки меёфт, хӯрда рӯз мегузаронд. Вай рӯзе ба авули бошукӯҳе омада, рост ба юрти хон даромад. Дар юрт Қаратихон менишаст.

— Ҳа, куҷо меравӣ, чандапӯш, дар мулки ман ба ту чӣ лозим? — пурсид хон.

— Ман Оскас-ӯгул ном дорам, — ҷавоб дод ҷавони камбағал.
— Ман ятими гуруснаам. Зимистон хӯрокам оши ярма асту тобистон айрон.

— Дар ин ҷо барои ту ҳам оши ярма ёфт мешаваду ҳам айрон, — гуфт хон. — Ту ҳафтод бузи зарди маро мечаронӣ.
Аммо шарташ ҳамин ки дар дашт нею дар кӯҳҳо.

Саҳарӣ Оскас-ӯгул бузҳоро ҳай карда, ба кӯҳ бурд. Вале бузҳо дар он ҷо наистода ба дашт мегурехтанд. Ҷавони бечора, ҳарчанд даву тоз карда бошад ҳам, шалпар шуда, бузҳоро аз роҳашон гардонда наметавонист.

пешина
аз 200
навбатӣ