Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Соҳиби даст ва Ҳаймар-ӯгул соҳиби пой. Ҳакими донишманд гуфт:
— Акнун Шулбус — деви даҳшатнок дигар нест, акнун ҳеҷ кас ин ҷоро Шулбу-ҳура намегӯяд. Онро ба шарафи наҷотдиҳандаамон Ҳаймаробод меномем. Ва бигузор Ҳаймар-ӯгул хони мо шавад.

Ҳама розӣ шуданд ва ба шарафи хони нав базм оростанд. Ҳамаи одамон — ҳам бою ҳам камбағал гӯшт мехӯрданд, шароб менӯшиданд.

Сӣ рӯз базм шуд, онро чил рӯзи дигар ҳам ба охир расонда натавонистанд!

Баъд Ҳаймар-ӯгул чоруқҳои сиёҳ, ҷомаи шоҳии сиёҳ ва каллапӯши пӯсти самури сиёҳро пӯшида, ба аспи ҷиран савор шуду ба ҷустуҷӯи бародаронаш рафт. Вай мехост, ки аз душманонаш қасос гирад, ҷазои золимонро диҳад.

Бародарони калонӣ байни худ ҳар рӯз ҷанҷolu ҳархаша мекарданд, ки зани нозанини Ҳаймар-ӯгул насиби кӣ мешавад. Нозанини бечора шабу рӯз гиря карда, шавҳарашро ёд мекард.

Ҳаймар-ӯгул ба ауули бекас омад. Вай ба он ҷое, ки қасри сафед истода буд, омада ҷабру зулми бераҳмонай бародаронро ба хотир овард ва хуни интиком дар баданаш ҷӯш зад. Вай изи душманонашро гирифта, аз ақиби онҳо рафт.

Ӯ аз шаш дарё гузашта, ҳафт ағбаро пушти сар карда, ба ауули бародаронаш расид. Юртҳо чун пештараашон меистоданд. Вай ба пеши қасри сафед омада гӯш андохт. Ин нозанин аз oni ман мешавад! Не, аз oni ман! - дод мегуфтанд бародаронаш.

Ҳаймар-ӯгул тоқат накарда, ба назди онҳо зада даромад. Вай санги сафеди гирдакро дар дасташ тайёр гирифта буд. Бародаронаш чунон тарсиданд, ки ғелон-ғелон аз қаср зада баромаданд. Нозанини як рӯяш офтобу як рӯяш моҳтоб, зани бовафои Ҳаймар-ӯгул оҳ гуфта, ба назди шавҳараш давида омада, ӯро оғӯш намуд.

пешина
аз 200
навбатӣ