Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Хазида мегардам. Эй дӯст, оё намедонӣ, ки дар куҷо пойҳоямро сиҳат карда метавонам? Ба ман маслиҳат деҳ.
— Дар худи ҳамон хура марди ҳакиме зиндагӣ мекунад. Вай ба нобино чашм медиҳаду ба бепо по ва ба бедаст даст.
— Маро ба он ҷо бубар.
— Худи ман ба он ҷо мерафтам, аммо аз дев метарсам. Не, акнун ман дигар ба он ҷо намеравам.
— Натарс. Ман ҳисоби девро меёбам.
Марди бедаст розӣ шуда, Хаймар-ӯгулро пуштора карда, ба тарафи Шулбу-Хура роҳ гирифт. Онҳо роҳи дуру дарозеро тай карданд. Марди бедаст зуд-зуд истода дам мегирифт. Банохост онҳо одамеро диданд, ки дастҳояшро ба пеш ёзонда, роҳ мерафт. Ӯ дарахтонеро, ки дучор меомаданд, аз реша канда мепартофт, ҳарсангҳоро зер карда, реза-реза мекард. Маълум шуд, ки ӯ нобино буд ва палмосида-палмосида роҳ мегардад. Дӯстонаш ӯро чег зада, салом доданд ва чӣ тавр ба сараш омадани ин фалокатро пурсон шуданд.
— Ман паҳлавони беҳамтоям, — гуфт ӯ. — Боре шунидам, ки дар Шулбу-Хура паҳлавоне зиндагӣ мекунад, ки дар қувваозмоӣ ҳеҷ кас ба ӯ баробар шуда наметавонад. Ман азми кардам, ки бо ӯ қувваозмоӣ кунам. Вақте ки ман ба он ҷо мерафтам, як ҷонвари бадвоҳимае, ки танаш ба тани хирс, сараш ба сари гов, ёлаш ба ёли асп монанд буд, ба ман ҳуҷум кард. Мо гӯштин гирифтем. Си шабу си рӯз — як моҳи дароз зӯрозмоӣ кардем, касе аз мо ғолиб наомад. Мо он қадар шалпару хаста шуда будем, ки худ ба худ ногоҳ истода мондем. Он ҳайвони бадвоҳима маро сар дода рафт. Ман хостам нигоҳ кунам, ки ӯ куҷо меравад, аммо чизеро надидам. Қувваозмоии сирӯза маро нобино карда буд.
— Бародарони бераҳму золими ман, — мегӯяд Хаймар-ӯгул, — пойҳои маро буриданд. Худи ҳамон деви бадвоҳима дастҳои ин дӯсти маро кандааст. Оё медонӣ, моро кӣ сиҳат карда метавонад?
— Дар Шулбу-Хура ҳакиме зиндагӣ мекунад, ки ӯ аз уҳдаи ин кор баромада метавонад. Аммо ман ба он ҷо рафтан метарсам. Душмани ман дар он ҷост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё