Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Рӯзи дигар сахарии барвақт, вақте ки ҳанӯз Хаймар-ӯгул дар хоб буд, бародарон ба қасри сафед зада даромада, бародарашонро бо калтак зада беҳуш карданд ва пойҳояшро бурида дар дашт партофтанд. Зани нозанини Хаймар-ӯгулро маҳкам бастанд. Баъд қаср ва юртҳои дигарро зуд гундошта, ба аспҳо бор карданд ва ба он сӯи шаш дарё ва ҳафт ағба рафтанд.
Хаймар-ӯгул бепо дар миёни дашти зарди нопайдоканор яккаву танҳо монд. Дар он ҷойҳо на ягон чизе дида, на ягон овозе шунида мешуд. Ҷавон атрофро аз назар гузаронид, аммо садое шунида намешуд, сиёҳие наменамуд. Вай ба он ҷое, ки бистари хобаш буд, хазида омад ва санги қиматбаҳояшро ёфт — акаҳояш онро аз қабати болишт афтонда буданд. Хаймар-ӯгул сангро дар багалаш андохта аз даштҳо хазида пеш рафт. Баъди чанде хазидан дар назди теппа суғури фарбеҳеро дид. Вай қувваи охиринашро ҷамъ карда, сангро ҳаво дода, суғурро зада кушту гӯшти хомро хӯрда, баданашро гарм кард, дастонаш қувват пайдо карданд ва танаш ҷон гирифт. «Дар дунё аз бародарони ман дида, бераҳмтар касе нест, дар дунё санги ман барин санги беҳтарине нест!» — фикр кард Хаймар-ӯгул ва ба пеш хазид. Вай хеле вақт хазид. Вай ба одаме дучор омад, ки ҳар ду дасташ аз китфаш набуданд.
— Ту кистӣ? Аз куҷо меоӣ ва ба куҷо меравӣ? — пурсид Хаймар-ӯгул.
— Ман одами аз ҳама чобук ва аз ҳама тезгардам. Боре шунидам, ки дар Шулбу-Хура (калисо) одаме зиндагӣ мекунад, ки дар чобукӣ касе ба ӯ баробар шуда наметавонад. Ман қарор додам, ки бо ӯ мусобиқа кунам. Аммо вақте ки ба он ҷо мерафтам, ба ман махлуқи аҷоибе, ки танаш тани хирс барин, сараш сари гов барин буд ва асп барин аз ду тарафи гарданаш ёл дошт, ба ман дучор омад. Ман тарсида, ба қафо гурехтам, аммо он дев ба ман расида гирифта, ҳар ду дастонамро аз китф канда гирифт. Ба ту чӣ шуд? Кӣ пойҳои туро канда гирифт?
— Бародарони бераҳми ман пойҳоямро бурида, маро дар дашти бепоён партофта рафтанд. Аз он вақт ин ҷониб ман

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё